Июл 12, 2023 14:47 Asia/Dushanbe
  • Кувайт 100 ҳазор нусхаи Қуръон ба забони шветсияӣ тавзеъ мекунад
    Кувайт 100 ҳазор нусхаи Қуръон ба забони шветсияӣ тавзеъ мекунад

Давлати Кувайт 100 ҳазор нусха аз мусҳафи шарифи Қуръони Каримро дар Шветсяи ба забони шветсияӣ тавзеъ мекунад.

Селван Момика рузи 28 июн дар маркази Стекҳелм ва муқобили масҷиди аслии шаҳр саифаҳои аз Қуръонро пора карда ва оташ зад дар пайи ин воқеъа Вазорати хориҷаи Кувайт ба ҳамроҳи бисёри аз кишварҳои исломӣ сафири Шветсия дар Кувайтро эҳзор ва эътирози худро нисбат ба ин иқдом зишт иблоғ кард.

Ба гузориши рузномаи Ал-Қабас созмони назорат бар чоп ва нашри Қуръони Карим дар Кувайт эълом кард бар асоси дастури Аҳмад Навоф Алсабоҳ нахуствазири ин кишвар қарор шуда аст 100 ҳазор нусхаи Қуръон ба забони шветсияӣ чоп ва дар ҳамоҳанги бо Вазорати хориҷаи Кувайт дар шаҳрҳои Шветсия пахш гардад.

Ҳайати вазирони Кувайт низ дар нишасти рузи сешанбеи худ ин масъаларо ба тасвиб расонд ва дар ин ҷаласа эълом шуд дар ростои таъкид бар мудоро ва созиш дар дини ислом таблиғи арзишҳои исломӣ ва ҳамзистии байни инсонҳо ин теъдод мусҳафи шариф чоп ва пахш хоҳад шуд.

Пас аз вокуниши кишварҳои исломӣ бо афзоиши фишорҳо ва таҳдидоти ҷаҳонӣ вазири додгустарии Шветсия панҷашнбеи ҳафтаи гузашта зимни изъон ба осебҳои амниятии беҳурматии муқадасот дар ин кишвар эълом кард мавзуъи ҷурмингории сузондани Қуръон дар ҳоли барраси аст.

Бештар бихонед: