Ҳамкории Эрон ва Покистон барои тавсеаи варзиши крикет
https://parstoday.ir/tg/news/world-i104884
Раиси Кумитаи иҷроии Анҷумани крикети Покистон пас аз дидор бо ҳамтои эронии худ, ба ҳамкорӣ барои тавсеаи ин варзиш дар Эрон ибрози тамоюл кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2023 17:03 Asia/Dushanbe
  • Ройзании масъулони варзишии Покистон ва Эрон дар хусуси варзиши крикет
    Ройзании масъулони варзишии Покистон ва Эрон дар хусуси варзиши крикет

Раиси Кумитаи иҷроии Анҷумани крикети Покистон пас аз дидор бо ҳамтои эронии худ, ба ҳамкорӣ барои тавсеаи ин варзиш дар Эрон ибрози тамоюл кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, ба нақл аз расонаҳои покистонӣ, Зико Ашраф дар гуфтугӯ бо ҳамтои эронии худ дар ҳошияи иҷлоси Кумитаи байналмилалии крикет дар Африқои Ҷанубӣ итминон дод, Покистон аз зарфиятҳои худ барои тавсеаи варзиши крикет дар Эрон ва афзоиши тавонмандиҳои бозикунони ин ришта истифода хоҳад кард.

Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, ин кишвар ва Эрон барои табодули таҷрибиёт, омӯзиши мураббиёну густариши роҳкорҳои тақвияти варзиши крикет, тақвияти иртибототу табодули ҳайатҳои варзишӣ ба тавофуқ расидаанд.