Таҳлил: Афзоиши мухолифатҳои дохили бо сиёсати Байден дар қиболи ҷанги Украина
(last modified Sat, 15 Jul 2023 07:56:12 GMT )
Июл 15, 2023 12:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Афзоиши мухолифатҳои дохили бо сиёсати Байден дар қиболи ҷанги Украина
    Таҳлил: Афзоиши мухолифатҳои дохили бо сиёсати Байден дар қиболи ҷанги Украина

Бо вуҷуди таъкидоти ахири Ҷо Баёден раиси Ҷумҳурии Амрико дар бораи идомаи кумакҳои таслиҳотии Амрико ба Украина дар ростои идомаи ҷанги хунини Украина аммо дар арасаи сиёсати дохилии Амрико мухолифатҳо бо руйкарди ҷангталабонаи давлати Баёден раванди фазояндае пайдо карда аст.

Дар ин чорчуб дар кангреси Амрико мавзеъгириҳои ва иқдомот барои тавақуфи сиёсати кунунии Вашенгтон дар қиболи Киев ру ба афзоиш аст ҳарчанд ин талошҳо токунун ноком монда аст.

Дар ин замина маҷлиси намояндагони Амрико рузи панҷшанбе 13 июл тарҳи ислоҳияи лоиҳаи будҷаи дифоъи милли рад кард ки дар сурати тасвиби ирсоли муҳимоти хушаи ба Украина мамнуъ мешавад.

Бо таваҷуҳ ба натоиҷи эъломшуда 276 намоянда бо ин тарҳ мухолифат карданд ва 147 намоянда дар дифоъ аз тасвиби он рай доданд пеш аз ин низ маҷлиси намояндагони Амрико ислоҳияҳои пешниҳодии теъдоди аз қонунгузорон ба лоиҳаи миллӣ барои соли моли 2024-ро рад кард, ки бар асоси онҳо кумакҳои низомии Амрико ба Украина коҳиш меёфт ё комилан мутавақиф мешуд ҳарчанд ин тарҳҳо бо таваҷҷуҳ ба мухолифати аксарияти намояндагони кангрес бо онҳо рад шуда аст, аммо ин амр нишонгари тақвият ва густариши мухолифатҳо бо сиёсати давлати Байден дар қиболи ҷанги Украина аст дар воқеъ руйкарди давлати Ҷо Байден мубтани бар талоши омидона барои идомаи ҷанги хунбори Украина аст амре, ки аз диди коршиносон ва низ сиёсатмадорони амрикоӣ ва ҳатто ҳамқаторони демакратии Байден дар кангрес пинҳони намоянда аст.

Бен Кардин сенатори демакрати Амрико ва яке аз ҳомиёни аслии Байден бо ишора ба ирсоли муҳимоти хушаи ба Украина мегуяд: Фикр намекунам ин силоҳи бошад, ки бояд имруз истифода шавад ман нигарониҳои ҷидди нисбат ба коре, ки раиси ҷумҳур анҷом медиҳад дорам.

Албата дар миёни намояндагони ҷумҳурихоҳ низ мухолифат бо сиёсатҳои давлати Байден дар қиболи Украина ру ба афзоиш аст камоинки ҳудуди 70 намояндаи ҷумҳурихоҳ ба тарҳ мухолифат бо ирсоли муҳимоти хушаи ба Украина райи мувофиқ доданд.

Марҷори Тейлор Грин намояндаи ҷумҳурихоҳи амрикоӣ дар интиқод аз сиёсатҳои давлати демокроти Ҷо Байден дар қиболи Украина ба таъна гуфт, ки Украина узви НАТО ё панҷовуякумин иёлати Амрико нест ин қонунгузори амрикоӣ таъкид кард, ки Амрико набояд вориди як ҷанги ниёбати бо Русия дар Украина ворид шавад.

Марҷори Тейлор Грин қонунгузори амрикоӣ мунтақиди давлати Бойден бо интиқод аз ирсоли таслиҳот ба Украина мегуяд: Ин кишвар ба сулҳ ниёз дорад на ҷанг.

Ин дидгоҳи давлати Байден пирузии Русия дар ҷанги Украина онҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои беэътибории ин созмони низомӣ ва густариши ҳарчи бештари нуфуз ва қудрати минтақаӣ ва байналмилалии Русия хоҳад шуд ва муъодилоти амнияти ва низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари ғарб тағир хоҳад дод ҳамчунин Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико ва мақомоти аршади низомӣ ва амниятии давлати у муътақиданд ки ҷанги Украина фурсати беҳамто ва ғайриқобили такрор барои зидияти ҳарчи бештар зидди Русия ва тавсифи он ва дар ниҳоят пешгири аз шаклгирии комили низоми чандқутби фароҳам оварда аст.

Лизо онҳо ба истилоҳ азми худро ҷазм карданд то ба ҳар қимати аз пирузии Русия дар ҷанги Украина пешгири намоянд дар ин росто Роберт Кеннеди номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба тасмими ҷадиди Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико барои фаро хондани неруҳои захираи ин кишвар ва гусели онҳо барои тақвияти НАТО дар аврупо таъкид кард, ки ҳадаф аз ин иқдом касби омодаги барои ҷанги бо Русия аст.

Кенеди тайи паёми дар твитер навишт: Байден ахиран 3000 неруи захираро фарохонд то неруҳои Амрикоро дар аврупо ба унвони бахши аз амалиёти қотеъияти НАТО рушд диҳад ман мехоҳам мардум бидонанд ки ин басими низомӣ бари чист ин омодаги барои ҷанги замини бо Русия аст.

Нуктаи муҳиме ки Русия бар он таъкид кард ҳадафи ниҳоӣ Амрико аз ироаи кумакҳои азими низомӣ ва таслияҳоти ба Украина аст аз дидгоҳи Маскав ҳадафи Амрико аз идомаи ҷанги Украина тазъифи ҳарчибештари Русия бо ҳадафи ниҳоӣ таҷзияи он аст ба ин тартиб интизор меравад, ки ҷанги Украина ки акнун шонздаҳумин моҳи худ сабаби талафоти азими инсони ва хисорати низомии густарда ва низ нобудии зерсохтҳои Украина шуда аст натанҳо поён наёбад балки бо таваҷҷуҳ ба пуштигаримии Зеленский раиси Ҷумҳурии Украина ба ҳимоятҳои густардаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарби ки дар ҷараёни нишасти ахири сарони НАТО эълом шуд дар моҳҳои оянда низ ҳамчунон бо шиддат идома пайдо кунад.

 

Бештар бихонед: