Июл 22, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Миллал дар бораи шароити миллионҳо нафари гурусна дар ҷаҳон

Муовини умӯри башардӯстонаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои Амният дар бораи тавофуқи содироти ғаллот аз тариқи баҳри Сиёҳ гуфт : Ҷанги Украина таъсири зиёде бар ҷаҳон дошта ва аз марзҳои ин кишвар фаротар рафтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сандӯқи байналмиллалии пул рӯзи чаҳоршанбе бо интишори баёнияе эълом кард хурӯҷи Русия аз тавофуқи содироти ғаллот аз тариқи баҳри Сиёҳ ноамнии ғизоии ҷаҳониро афзоиш медиҳад ва таъсири шадидӣ бар иқтисод ва таварруми ғизоии кишварҳои Африқо, ғарби Осиё ва Осиё дорад ва дар саросари ҷаҳон муҷиби боло рафтани таваррум хоҳад шуд.
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, Мартин Грифитс афзуд : Тавофуқи содироти ғаллот дар тӯли 12 моҳи гузашта заминаро барои содироти амни 33 миллион тон маводи ғизоӣ ба 45 кишвар аз тариқи бандарҳои Украина дар баҳри Сиёҳ фароҳам кард .
Муовини умӯри башардӯстонаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид тасреҳ кард : Эъломи хурӯҷи Русия аз тавофуқи содироти ғаллот ноумедкунанда буд ва ҳамалоти Русия ба бандарҳои шаҳри Одесса ба зерсохтҳои асосии содироти маводи ғизоӣ хисорат ворид кардааст .
Грифитс идома дод : Қимати ҷаҳонии ғаллот афзоиш ёфта ва ин масаъла миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ кардааст.
 

 

Барчасп