Азои умумӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10531-Азои_умумӣ_дар_Русия
Дар паи суқути ҳавопаймои низомии русӣ дар дарёи сиёҳ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи душанберо азои умумӣ эълом кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 26, 2016 12:42 Asia/Dushanbe
  • Азои умумӣ дар Русия

Дар паи суқути ҳавопаймои низомии русӣ дар дарёи сиёҳ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи душанберо азои умумӣ эълом кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Владимир Путин ҳамчунин Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишварро маъмури ташкили кумитаи таҳқиқ дар бораи ҳодисаи суқути ҳавопаймои ин кишвар кард .

Нахуствазири Русия эълом кард, Маскав дар бораи илали суқути ҳавопаймои ин кишвар дар дарёи сиёҳ ба таври комил таҳқиқ мекунад.

Дмитрий Медведев афзуд: Хабарнигорон ва аъзои як гурӯҳи оркестр аз ҷумлаи ҷонбохтагони ин ҳодиса буданд, ки бо нияти хайрхоҳона роҳии ин сафар шуда буданд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулъодаи Русия ҳам эълом кард: Иллати суқути ҳавопаймои ин кишвар, нақси фаннӣ будааст .

Манобеи амниятӣ мегӯянд, теъдоде аз аҷсоди ҷонбохтагон ва васоили шахсӣ ва асноди марбути онҳо пайдо шудааст .

Дар ҳоле, ки лошаи ҳавопаймо дар фосилаи яку ним километрӣ аз соҳили дарёи сиёҳ ва дар умқи панҷоҳ то ҳафтод метрӣ кашф шуд, аҷсоду васоили шахсии сарнишинони ҳавопаймо то фосилаи шаш километрӣ пароканда ва дида шудааст .

Шабакаи телевизионии Алҷазираи арабӣ ҳам эълом кард: Як генерал ва панҷ полковники рус аз ҷумлаи кушташудагони ин ҳодиса ҳастанд .

Ҳавопаймои мусофирбарии “Туполев 154”-и Русия дирӯз бо 92 сарнишин дақоиқе пас аз баланд шудан аз Сочи ва парвоз ба самти Лозиқияи Сурия аз сафҳаи радарҳо нопадид шуд ва суқут кард .