Декабр 26, 2016 20:16 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори таҷҳизоти низомии ҷадиди Туркия дар марзи Сурия

Артиши Туркия бо интишори баёнияе эълом кард, даҳҳо танк, мошини низомӣ ва таҷҳизоти тӯпхонаии ҷадид дар Угузили ва Каркамис, ҷанубу шарқи Туркия, дар марзи Сурия мустақар кардааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Садо ва симо, истиқрори ин таҷҳизот дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад, нерӯҳои низомии Туркия, ки дар шимоли Сурия ҳузур доранд, ҳалқаи муҳосираро дар атрофи шаҳри ал-Боб тангтар кардаанд. Нерӯҳои артиши Туркия ҳамроҳ бо мухолифони мусаллаҳи суряӣ ҳафтаҳост, ки барои тасарруфи шаҳри ал-Боб, воқеъ дар 25-километрии марзи шимолии Сурия бо Туркия бо гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоли набард ҳастанд. Дар айни ҳол, артиши Туркия эълом кардааст, ки 13 низомии турк чаҳоршанбеи гузашта дар ин минтақа кушта шудааст.

Ногуфта намонад, ки артиши Туркия аз моҳи августи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти мавсум ба "Сипари Фурот" бидуни иҷозаи Ҳукумати Сурия ба хоки ин кишвар ворид шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Димишқ мудохилаи низомии Туркияро дар умури дохилии Сурия маҳкум карда, ин иқдомро нақзи ошкори Эъломияи истиқлоли Сурия донистааст.

Мақомҳои Димишқ бо маҳкум кардани ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии Туркия ба шимоли Сурия таъкид кардаанд, ки Анкара бо баҳонаи ҳадаф қарор додани гурӯҳи террористии ДИИШ гурӯҳҳои курд, бавижа нерӯҳои курди мухолифи давлати Анкараро дар хоки Сурия саркӯб мекунад. Иддаои давлати Анкара дар бораи ҳамла ба мавзеъҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия дар ҳолест, ки пеш аз ин далелу санадҳои фаровоне дар бораи ҳимояти Туркия аз ин гурӯҳ мунташир шудааст.

Муруре ба рӯйдодҳои як соли гузашта нишон медиҳад, ки дахолатҳои хориҷии давлати Анкара, на танҳо дастоварде барои Туркия надошта, балки мушкилоти дохилии ин кишварро бештар кардааст. Дар натиҷа, ҳамин мудохилаҳо аст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ таҳдид ба нобудӣ ва вайронии шаҳрҳои Туркия кардааст. Дар воқеъ, бо вуҷуди он ки муборизаи артиши Туркия бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба исбот нарсидааст, ин кишвар аз сӯйи ин гурӯҳи террористӣ низ таҳдид шудааст. Давлати Анкара дар дохил бо Ҳизби коргарони курдистони Туркия (ПКК) низ дар ҷанг аст ва талош мекунад, зимни салби масунияти намояндагон ҳомиёни курдҳоро аз парлумон ихроҷ намояд. Дар айни ҳол, таҳти сиёсатҳои нодурусти давлати Анкара тайи беш аз як даҳаи гузашта гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гулен низ дар Туркия аз нуфузи зиёде бархурдор шуда ва ҳукумати Эрдуғон бо ин гурӯҳ низ дар ҷанг аст. Баъд аз табаддулоти нафарҷоми моҳи июл давлати Анкара садҳо ҳазор тан аз ҳомиёни Гуленро аз ниҳодҳои давлатӣ, марказҳои омӯзишию артиши Туркия ихроҷ, боздошт ва зиндонӣ кардааст. Идомаи ин вазъият мушкилоти иқтисодии мардуми Туркияро зиёд кардааст.

Дар идомаи сиёсатҳои давлати Анкара талош ба манзури тағйири Қонуни Асосии Туркия низ матраҳ карда ва он дар дастури кори парлумони Туркия қарор дорад. Дар ҳақиқат, ин сиёсати Туркия ба маънои нодида гирифтани аҳзоби мухолиф аст. Дар ин шароит бадеҳист, ки идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёна аз як сӯ ва таҳдид шудан аз ҷониби гурӯҳи террористии ДИИШ аз сӯйи дигар ду чолише аст, ки метавонад болои мушкилоти дохилии Туркия зам шавад. Ин вазъият ҳамчунин метавонад аз маҳбубияти давлати Анкара, бавижа шахси Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳурро назди мардуми Туркия коҳиш диҳад. Дар ҳоле ки тамоми талошҳои шахси Эрдуғон ҷалби ҳимояҳои мардум ба манзури мондан дар қудрат аст.