Қочоқи ҳероини Афғонистон - манбаи даромади СРУ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i106-Қочоқи_ҳероини_Афғонистон_манбаи_даромади_СРУ
СРУ, созмони ҷосусии Амрико манобеи молии худро аз қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба даст меоварад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 14, 2016 12:30 Asia/Dushanbe
  • Қочоқи ҳероини Афғонистон - манбаи даромади СРУ

СРУ, созмони ҷосусии Амрико манобеи молии худро аз қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба даст меоварад.

Манобеи Афғонистон эълом кардаанд, ки Раёсти кашшофии Амрико (СРУ) ҳазинаи амалиёти махфии худро аз қочоқи ҳероини Афғонистон таъмин мекунад. Ба гузориши ИРНА, хабаргузории "Ҷумҳур"-и Афғонистон ба нақл аз пойгоҳи интернетии "Global Research" навишт, "то замоне ки низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд, кишту қочоқи маводи мухаддир низ идома хоҳад дошт".

Дар ин гузориш омадааст, навад дарсади ҳероине, ки ба дигар кишварҳои ҷаҳон интиқол меёбад, бо ҳавопаймо ва киштиҳо қочоқ мешавад ва ин кор дар тавони гурӯҳи Толибон нест. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, Ҷон Сапко, бозраси вижаи ИМА дар умури бозсозии Афғонистон пеш аз ин гуфта буд, дар Афғонистон дар 500 ҳазор ҳектор замин кӯкнор кишт мешавад ва кишти ин миқдор кӯкнор дар Афғонистон ба роҳатӣ масрафи амалиёти махфии СРУ-ро таъмин менамояд.

"Global Research" дар гузориши худ таъкид кардааст, ки Амрико дар талош аст, то масири тиҷорати маводи мухаддирро ба самти Русия, Чин ва Эрон савқ диҳад.

"Global Research" як созмони таҳқиқотие аст, ки қароргоҳаш дар Кадана мебошад.