Август 24, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории дуҷониба, меҳвари дидори мақомоти Қирғизистону Беларус

Дар дидори муовинони нахуствазирони Қирғизистону Беларус ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталифи байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бакият Турабоев-муовини нахуствазири Қирғизистон ба унвони бахше аз як сафари кори ба Беларус дидори дуҷониба бо  Анатолия Сиуок-муовини нахуствазири ин кишвар дошт, ки таи он тарафҳо дар мавриди  бахши густардае аз масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф гуфтугу карданд.
Турабоев хотирнишон кард, ки тарафҳо барои эҷоди равобити байнидавлатӣ ҳам аз тариқи ҳамкории дуҷониба ва ҳам аз тариқи таъомули якпорча кори қобили таваҷҷӯҳе анҷом медиҳанд . Қарор гирифтан дар фазои воҳиди идғоми Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва ҳамчунин таъомули Қирғизистону Беларус дар фазои ИДМ пояи маҳкаме барои комил кардани ҳамкориҳои дуҷониба аст .
Вай гуфт : Ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст. Бар асоси натоиҷи соли гузашта ҳаҷми мубодилоти мутақобил ба беш аз 110 миллион доллар ва дар нимаи нахусти соли ҷорӣ ба ҳудӯди 45 миллион доллар расидааст. Ин рақамҳо ҳикоят аз имкони дастёбӣ ба рушди бештар дорад.
 

 

Барчасп