Декабр 28, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия, Чин ва Покистон дар бораи нуфузи ДИИШ дар Афғонистон

Русия, Чин ва Покистон ҳушдор доданд, нуфузи ДИИШ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст ва авзои амниятӣ дар ин кишвар низ рӯ ба вахомат аст.

Ба иттилои Ройтерс, Мария Захарова, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, намояндагони Русия, Чин ва Покистон рӯзи сешанбе дар нишасте дар Маскав дар бораи фаъолияти рӯзафзуни гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон аз ҷумла ДИИШ ибрози нигаронӣ карданд .

 Захарова, ки пас аз ин нишасти сеҷониба дар ҷамъи хабарнигорон сухан мегуфт, афзуд: Русия, Покистон ва Чин дар нишасти Маскав тавофуқ карданд, дар оянда аз давлати Афғонистон барои ширкат дар чунин музокироте даъват кунанд .

Амрико, ки ҳамчунон ҳудуди 10 ҳазор нерӯ дар Афғонистон дорад, барои ширкат дар музокироти Маскав даъват нашуда буд .

Афғонистон токунун дар музокироти сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон, ки сеюмин нишаст аз навъи худ ба шумор меравад, ҳузур надоштааст .

Аҳмад Шикейб Муштоқӣ, сухангуи Вазорати умӯри хориҷаи Афғонистони рӯзи сешанбе гуфт, Кобул онгуна, ки шоиста буда аз нишасти Маскав мутталеъ нашудааст .

 

Барчасп