Номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи 2024 Амрико:
Агар Амрико мудохила накунад,ҷанги Украина фавран поён хоҳад ёфт
Яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико гуфт, ки агар Амрико даст аз дахолат дар умури Украина бардорад,ҷанг дар ин кишвар ҳамакнун поён хоҳад ёфт.
Ба гузориши Садои Хуросон , Вивек Рамасвами- номзади ҳиндутабори ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико гуфт, ки ҷанги Украина ба нафъи Амрико нест.
Вай дар посух ба саволе пас аз поёни аввалин мунозираи ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2024 дар бораи инки чаро ӯ мухолифи ҳимояти аз Украина аст, гуфт: ҷанги Украина ба нафъи Амрико нест ва ман барои ифои нақше ғайр аз расидагӣ ба манфиатҳои мардуми Амрико номзад намешавам.
Ин номзади ҷумҳурихоҳ изҳор дошт, ки агар Вашингтон дахолат накунад ва эълом кунад, ки дигар ба Украина кумаки молӣ надиҳад, ҳоло ҷанг дар ин кишвар хотима меёбад. Вай афзуд: Бархе аз ҷангҷӯён пас аз Владимир Зеленский бо таҷҳизоти низомии амрикоӣ ба маблағи чандсад миллиард доллар дар Украина ба сари қудрат меоянд. Ҳамон тавре ки пас аз ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон рӯй дод ва дидем, ки ин раванд моро ба куҷо бурд.?