Раҳгирии паҳподи амрикоӣ аз сӯйи «Сухоӣ Су-30» Русия
Вазорати дифоъи Русия якшанбе шаб бо судури баёнияе эълом кард, ки як фарванди ҷангандаи «Сухоӣ Су-30» ин кишвар паҳподи амрикоиро бар фарори дарёи Сиёҳ раҳгирӣ кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин баёнияе меафзояд: Барои таини ҳадафи ҳавоӣ ва ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба марзҳои кишвар, як фарванди ҷангандаи Сухоӣ-30 нерӯи ҳавоӣ ба парвоз даромад, ки хадамаи ҳавопаймои русӣ ҳадафи ҳавоиро паҳпод MQ-۹A Reaper нерӯи ҳавоии Амрикоӣ шиносоӣ карданд.
Ин Вазоратхона таъкид кард, ки пас аз наздик шудани ҷангандаи Русия, паҳподи амрикоӣ масири худро тағиир дода ва вориди ҳарими ҳавоии Русия нашуд.
Моҳи гузашта низ Вазорати дифоъи Русия эълом карда буд, ки ҷангандаи Сухой ин кишвар як паҳподи амрикоиро бар фарози дарёи Сиёҳ раҳгирӣ карда буд