Сентябр 02, 2023 17:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ

Размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) бо ҳузури 2500 низомӣ аз кишварҳои узв дар Беларус оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, маросими ифтитоҳияи размоиши СПАД муташаккил аз шаш кишвари Русия,  Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар қалъаи «Брест» бо панҷ тамрини муштараки вижа аз дирӯз (1 сентябр) дар Беларус баргузор шуд.

Имангали Тасмагамбетов, дабири кулл СПАД ба таври расмӣ размоиши "Бародарии ҷангӣ-2023"-ро ифтитоҳ кард.