Эъломи омодагии Арманистон барои музокира бо Ҷумҳурии Озарбойҷон
Никал Пашинян нахуствазири Арманистон шанбешаб дар тамоси телефони бо Эммануэл Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса омодагии худро барои музокираи фаври бо Илҳом Алиев раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба манзури коҳиши таниш дар марзҳои ду кишвар эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА дафтари Пашинян ҳамчунин рузи шанбе эълом кард, ки нахуствазири Арманистон дар гуфтугуи кутоҳи телефони бо Антони Блинкен вазири хориҷаи Амрико, Олаф Шолтс садриаъзами Олмон, Ираклий Гарибашвили нахуствазири Гурҷистон ва Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон масоили мушбеҳро матраҳ карда аст.
Пас аз ҷанги 44 руза байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ дар соли 2020 ду кишвар бо миёнҷигарии Русия тавофуқи оташбас имзо карданд ва ба дунболи он бахшҳои аз ин минтақа ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузори шуд бо вуҷуди имзои тавофуқномаи оташбас таниш ҳамчунон бар равобити ду кишвар ҳоким буда ва тарафайн борҳо якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.