Такрори иддаоҳои бепояву асоси Амрико алайҳи Эрон дар нишасти СММ
Раисиҷумҳури Амрико дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иддаоҳои бепояву асоси худ алайҳи Эронро такрор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иддаоҳои бепояву асоси худ дар бораи пайгирии аҳдофи низомӣ дар барномаи ҳастаии Эронро такрор кард, ки Теҳрон қавиян ин иддаоҳоро рад кардааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид мекунад, ба унвони яке аз имзокунандагони Паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ (NPT) ва узве аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ҳаққи дастёбӣ ба фанноварии ҳастаиро барои мақосиди сулҳомез дорад.
Илова бар ин, бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ токунӯн борҳо аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид кардаанд, аммо ҳаргиз мадраке, ки нишон диҳад, барномаи сулҳомези энержии ҳастаии ин кишвар ба самти мақосиди низомӣ инҳироф дошта, пайдо накардаанд.