Июл 31, 2016 19:53 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар Техас чандин кушта барҷой гузошт

Дар як ҳодисаи тирандозӣ дар Техаси Амрико, чандин нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши "Форс", дар ҳодисаи тирандозии шанбешаб дар минтақаи Остини иёлати Техас чандин нафар кушта шудаанд ва бархе манобеъ гуфтаанд, ки ҳодисаи тирандозӣ зоҳиран ҳанӯз ба поён нарасидааст ва маъмурони полис аз мардум хостаанд, ки аз наздик шудан ба маҳалли ҳодиса худдорӣ кунанд.

Ҷадидтарин ахбори расида аз саҳнаи ҳодиса баёнгари он аст ки ин ҳодиса дар маҷмӯъ 4 қурбонӣ доштааст, ки як зан дар саҳнаи ҳодиса ҷони худро аз даст додааст.

Бар асоси ҳамин гузориш, 3 нафар аз қурбониёни ин ҳодиса баъд аз тирандозӣ ба бемористон мунтақил шудаанд ва вазъияти ҷисмонии онҳо номушаххас аст.

Гузоришҳо баёнгари он аст ки омили ин ҳамла ҳанӯз дастгир нашудааст.

Пулиси Остин ҳамчунин эълом кард, ки тирандозии ҷудогонае дар маҳдудаи мушобеҳ ба вуқӯъ пайваста ва ҳар ду саҳна дар ҳоли ҳозир амн гузориш шудааст.