Сентябр 27, 2023 20:54 Asia/Dushanbe
  • ...иқтисоди Амрико дар соли 2024 дучори рукуд хоҳад шуд
    ...иқтисоди Амрико дар соли 2024 дучори рукуд хоҳад шуд

Вахомати авзои иқтисодӣ ва нигаронӣ аз ояндаи молӣ ба дағдағаи аслии амрикоиҳо табдил шудааст.

Ба навиштаи рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаномаи “Нюзвик”, назарсанҷии ҷадид дар мавриди шохиси эътимоди масрафкунанда, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, ки бо коҳиши интизорот аз беҳбуди вазъияти иқтисодии Амрико, шаҳрвандони ин кишвар нигарони даромад худ дар шаш моҳи оянда ҳастанд ва масрафкунандагон бар ин боваранд, ки иқтисоди кишвар дар соли оянда (2024) дучори рукуд хоҳад шуд.

Тибқи ин гузориш, афзоиши қимати колоҳо, таварруми боло, афзоиши нархи баҳра дар канори фазои сиёсии дуқутбӣ, тардидҳои бештареро дар бораи ояндаи иқтисод барои шаҳрвандони амрикоӣ эҷод кардааст.

Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, теъдоди амрикоиҳое, ки фикр мекунанд машоғили бештаре дар моҳҳои оянда нисбат ба моҳи қабл дар ихтиёри онҳо хоҳад буд, коҳиш ёфтааст.