Тафсир - Интиқоди СММ аз иқдоми ҷадиди Фаронса алайҳи ҳиҷоби исломӣ
(last modified Thu, 28 Sep 2023 08:25:50 GMT )
Сентябр 28, 2023 13:25 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Интиқоди СММ аз иқдоми ҷадиди Фаронса алайҳи ҳиҷоби исломӣ

Marta Hurtado, сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони милал рӯзи чаҳоршанбе аз мамнуияти истифодаи варзишкорони фаронсавӣ аз ҳиҷоб дар мусобиқоти Олимпии 2024, ки қарор аст, соли ояндаи милодӣ дар Порис баргузор шавад, интиқод кард.

Marta Hurtado дар ин бора гуфт, ҳеҷ кас ҳақ надорад ба занон ба зӯри навъи пӯшишро таҳмил кунад. Бар асоси стандартҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ, эъмоли маҳдӯдият дар баёни динӣ ва ақоиди ҳамонанди навъи пӯшиш танҳо дар сӯрате метавонад эъмол шавад, ки ин амр таҳдиде барои амнияти умумӣ ё саломати ҷомеъа бошад. Ин дар ҳоле аст, ки пӯшиши исломӣ ноқизи ин амр нест.

Ин интиқод пас аз он матраҳ мешавад, ки вазири варзиши Фаронса эълом кард, варзишкорони ин кишвар аз пӯшидани ҳиҷоб дар тӯли баргузории мусобиқоти олимпии Порис дар соли ояндаи милодӣ ба манзури эҳтиром ба усӯли секуларизм манъ мешаванд. Ин тасмим бо мавҷе аз интиқодот аз сӯи варзишкорони мусулмони фаронсавӣ мувоҷеҳ шудааст. Порис пештар пӯшидани або(ниқоб)-ро барои занонро дар мадориси духтарона аз сентябри 2023 мамнӯъ эълом карда буд .

laicité гӯнае ифротгароёна аз секуларизм аст ва давлати Фаронса тибқи қонуни laicité мусавваби 1905 ин кишвар мабнӣ бар дахолат накардани дин дар умӯри давлату давлат дар умӯри динӣ мекушад, тамомии намодҳои диниро аз амокини умумӣ ва идорот ҳазф кунад. Мамнуияти истифода аз ҳиҷоб дар мадорису донишгоҳҳо ва рӯйдодҳои варзишӣ намуде аз ин тафаккур ҷанҷолӣ аст. Дар Фаронса ба далели ончӣ нақзи қавонини секулар хонда шуда, ҳузур дар мадорис ва ниҳодҳои давлатӣ бо нишонаҳои мазҳабӣ мамнуъ аст ва доштани ҳиҷоб ҳам ба баҳонаи ҳамин қонӯн аз соли 2004 дар мадориси давлатӣ мамнӯъ шудааст. Дар ҳоле, ки аҳзоби дастростии Фаронса бар мамнуияти пӯшиши исломӣ таъкид доранд, аммо сиёсатмадорони чапгаро нигарони ҳуқуқи занону духтарони мусулмон ҳастанд.

Интиқоди Созмони милал аз мамнуияти ҳаққи доштани ҳиҷоби варзишкорони фаронсавӣ дар воқеъ муҳри бутлоне бар иддаоҳои давлати Фаронса дар бораи вуҷӯди озодӣ ва низ ҳуқуқи баробари шаҳрвандон дар ин кишвар аст. Муддатҳост, ки духтарон ва занони мусулмон дар Фаронса, ки маҳали зиндагии бузургтарин ақаллияти мусулмон дар Аврупо аст, мутаҳаммили анвоъи фишорҳо, маҳдӯдиятҳо ба далели доштани ҳиҷоб шуда ва анвоъи мавонеъ алайҳи онҳо, аз ҷумла мамнуияти таҳсил ба далели доштани ҳиҷоб эъмол шудааст. Охирин иқдом дар ин замина мамнуияти пӯшидани або аз сӯи духтарони мусулмон дар мадориси Фаронса аст.

Gabriel Attal, вазири омӯзиши Фаронса зимни эъломи мамнуияти пӯшидани або барои духтарони муҳаҷҷаба дар мадориси ин кишвар, муддаӣ шуд, ки аабои исломӣ қавонини секулари Фаронса дар омӯзишро нақз мекунад.

Раванди исломситезӣ ва ташдиди фишорҳо алайҳи мусулмонон дар Фаронса дар солҳои ахир ташдид шудааст. Дар давраи раёсатҷумҳурии Эммануэл Макрон, раисиҷумҳӯри рости миёнаи Фаронса ин маҳдӯдиятҳо дар канори тасвиби қавонини мутааддид алайҳи мусулмонону марокизи исломӣ, зиндагиро барои мусулмонон дар ин кишвар бо сахтии дучандон мувоҷеҳ кардааст. Давлати Фаронса дар феврали 2022 ташкили ниҳоди ҷадидеро бо номи «Маҷмаъи исломии Фаронса» бо иддаои мунтабиқ кардани мусулмонони ин кишвар бо фарҳангу ҷомеъаи Фаронса ва муқобила бо ифротгароӣ эълом кард. Бо роҳандозии «Маҷмаи исломи Фаронса», ки бахше аз талошҳои густардаи Макрон дар ростои тазъифи ислом дар Фаронса аст, ниҳоди пешине, ки зери унвони «Шӯрои мазҳаби мусулмонони Фаронса» фаъолият мекард, мунҳал шуд.

Рӯйкарду иқдомоти Макрон бар пояи «секуларизми таҳоҷумӣ» аст, ки хоҳони муборизаи фаъол бо дину мазоҳири динӣ дар арсаи ҷомеъа аст. Асосан давлати Фаронса дидгоҳи мусбате дар бора ислом надошта ва дар ҳамин росто аз ҳар иқдоме дар заминаи исломситезӣ, аз ҷумла мамнуияти ҳиҷоби исломӣ дар мадорис ва акнӯн дар мусобиқоти олимпӣ ҳимоят кардааст.

 

Бештар бихонед: