Сентябр 28, 2023 13:37 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Қарабоғ, меҳвари ройзании вазирони хориҷаи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Таҳаввулоти Қарабоғ, меҳвари ройзании вазирони хориҷаи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сергей Лавров ва Ҷайҳун Бойромов вазирони хориҷаи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон чаҳоршанбе дар бораи таҳаввулоти Қарабоғ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориш Ирно, Вазорати хориҷиа Русия дар баёнияе навишт: Ду тараф дар бораи масоъили Қарабоғ аз ҷумла кумакҳои башардӯстона, тазмини ҳуқуқ ва амнияти арманиҳои ин минтақа дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вазорати хориҷаи Русия афзӯд: Вазирони хориҷаи ду кишвар ҳамчунин роҳҳои иҷроии тавофуқномаҳои 2020 ва 2022 дар мавриди « сулҳ миёни Боку ва Ирвон, таъини хутути марзӣ миёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва рафъи асноди хутути ҳамлу нақл»-ро барраси карданд.

Пас аз амалиёти низомии ҳафтаи гузаштаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки мунҷар ба тамаддути ин кишвар бар минтақаи Қарабоғ шуд. Арманиҳои ин минтақа дар ҳоли тахлияи онҷо ва ҳаракат ба самти Арманистон ҳастанд.

Бар асоси эъломи давлати Армнистон то кунун аз 50 ҳазор арманӣ минтақаи Қарабоғ вориди Арманистон шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки намояндаи Иттиҳодияи Аврупо, Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон ва ҳамчунин Фаронса ва Олмон рӯзи сешанбе дар Бруксел дидор ва дар мавриди чигунагии пешбурди раванди оддисозии равобит миёни Боку ва Ирвон гуфтугӯ карданд.

Бештар бихонед: