Октябр 04, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Барканории раиси Маҷлиси намояндагони Амрико

Раиси ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико дар раъйгирии рӯзи сешанбе аз сӯи аъзои ин маҷлис барканор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кевин Маккартии 58 сола дар иқдоме бесобиқа дар таърихи Амрико бо 216 раъйи мусбат дар баробари 210 раъйи манфии намояндагон аз раёсати Маҷлиси намояндагон барканор шуд.

Кевин Маккарти, нахустин раиси Маҷлиси намояндагон дар таърих Амрико аст, ки аз сӯи ҳамкоронаш ва бо тарҳи ҳамҳизбиҳояш азл мешавад.

Тасмим барои истизоҳи Маккартӣ ба пешниҳоди Мэтт Готз, яке аз намояндагони ҷумҳурихоҳи иёлати Флорида ва вафодор ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико анҷом шуд, ки раҳбарии бахше аз муҳофизакорони тундрав дар Ҳизби ҷумҳӯрихоҳро бар ӯҳда дорад.

 

Барчасп