Тафсир - Ултиматуми давлати Покистон ба муҳоҷирони ғайриқонунии Афғонистон
Давлати Исломобод барои тарки паноҳҷуёни ғайриқонунии афғон аз Покистон то поёни моҳи ҷорӣ ултиматум ё зарбулаҷал таъйин кард.
Ин тасмим пас аз нишасти сарони сиёсӣ ва низомии Покистон барои баррасии авзоъи амниятӣ, сиёсӣ ва интизомии Покистон ба раёсати Анворулҳақ Кокар, нахуствазири давлати муваққат ва ҳамчунин бо ҳузури фармондеҳи артиши ин кишвар баргузор шуд. Пештар низ давлати Покистон барои ихроҷи муҳоҷирини ғайриқонӯнии афғон сиёсатҳои сахтгиронаеро иттихоз карда буд, ки бо эътирозҳое аз ҷониби бархе маҳофил, аз ҷумлаи Толибон рӯбарӯ шуд. Аз инрӯ, баргузории нишасти олӣ дар сутӯҳи сиёсӣ ва низомӣ барои иттихози тасмим дар мавриди додани ултиматум ба муҳоҷирини ғайриқонунии афғон барои тарки Покистон тасмиме миллӣ талаққӣ мешавад, ки баёнгари афзоиши муъзалоти иҷтимоӣ ва амниятии ҳузури рӯзафзӯни муҳоҷирини ғайриқонӯнии афғон дар Покистон аст.
Аббос Хатак, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: " давлати Покистон дар чорчӯби ҳокимияти миллӣ ва ҳифозат аз амнияти миллии худ метавонад, ҳар тасмимеро дар мавриди вуруд ва ё ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ иттихоз кунад. Аз инрӯ, иттихози чунин тасмиме дар мавриди муҳоҷирини ғайриқонӯнии афғон дар Покистон метавонад ношӣ аз табаоти амниятӣ ва иҷтимоии он бошад".
Давлати Покистон муътақид аст, ҳузури беш аз як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ дар он кишвар паёмадҳое ҳамчун афзоиши қочоқи инсон ва маводи мухаддир, ширкат дар ҳамалоти террористӣ, аз ҷумла ҳамалоти интиҳорӣ ва мушкилоти иқтисодиро дар пай дорад. Давлат ва артиши Покистон борҳои афғонҳоро ба мушорикат дар ҳамалоти гуруҳи террористии таҳрики Толибон ва ҳамчунин ҳамалоти интиҳорӣ муттаҳам кардаанд.
Ба эътиқоди мақомоти Покистон террористҳои таҳрики Толибон ва соири хушунати талабон дар пӯшиши ҳамроҳи бемор ва ё паноҳҷӯ ба ашколи мухталиф вориди Покистон мешаванд, ки барои ин кишвар бисёр дардисарсоз ҳастанд. Агарчӣ пештар ин талаққӣ вуҷӯд дошт, ки Покистон дар ростои фишор бар Толибон дар садади ихроҷи муҳоҷирини ғайриқонунӣ афғон аст, аммо дар пайи афзоиши ҳамалоти террористии ахир ва ба хусӯс ҳамалот ба амокини мазҳабӣ, ки дар соири кишварҳои минтақа низ такрор шудааст, давлати Покистонро ба ин ҷамъибандӣ расондааст, ки ҳузури муҳоҷирони ғайриқонӯнии афғонро сомондиҳӣ кунад.
Акрам Орифӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: "масъалаи муҳоҷирини Афғонистон аз замони ишғоли ин кишвар аз сӯи Шуравӣ ба муъзале барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои минтақа табдил шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки ҳукмронони Кобул низ дар даҳаҳои ахир натавонистаанд шароити бозгашти муҳоҷиринро ба Афғонистон фароҳам кунанд ва ин масъала бо сӯиистифодаи бархе ҷараёнҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ ба унвони ғуддаи чиркин бори дигар сар боз кардааст ".
Дар ҳар ҳол, дар мавриди муҳоҷирини ғайриқонӯнии афғон дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ду мавзӯ муҳим аст, аввал инки масъӯлияти Толибон ба унвони ҳукмрони Афғонистон дар қиболи бозгашти муҳоҷирин афғон чист? Зеро бар асоси қавонини байналмилалӣ кишваре, ки дорои сқбот ва амният аст, атбои он дигар паноҳҷу ва ё муҳоҷир маҳсӯб намешаванд. Бинобар ин Толибон ба унвони давлати муваққат масъулияти ҳифозат аз атбои Афғонистонро бояд бипазирад.
Дувум инки масъулияти Созмони милал дар қиболи муҳоҷирин афғон аст, ки баназар мерасад бо эҷоди шароити лозим дар дохили Афғонистон метавонад зимни искон додан ба муҳоҷирин онҳоро барои мушорикат дар раванди бозсозии Афғонистон амода кунад бо ин ҳол, бархе аз маҳофили сиёсӣ бар н эътиқоданд, ҳокимиятҳо дар Кобул барои дурмондан аз табаоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амниятии бозгашти муҳоҷирин тарҷеҳ медиҳанд, онон дар кишварҳои ҳамсоя ҳамчунон бимонанд вазъияте, ки мӯҷиби барҳамхӯрдани ҳанҷорҳои иҷтимоӣ ва амниятии минтақа шудааст.