Ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии афғон аз Покистон
Октябр 06, 2023 17:06 Asia/Dushanbe
Покистон беш аз як миллиону ҳафтсад ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии афғонро ихроҷ мекунад.
Мақомоти покистонӣ ба ҳамаи паноҳҷуёни ғайриқонунии афғон дастур додаанд, ки то аввали ноябр ин кишварро тарк кунанд.
Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон, ки таҳти контроли Толибон аст, ин иқдоми Покистонро ғайриқобили қабул хонду хостори таҷдиди назар дар он шуд.
Бар асоси гузориши Созмони Милал ҳудуди 1. 3 миллион афғон ба унвони паноҳанда дар Покистони сабти ном шудаанд ва 880 ҳазор нафари дигар вазъияти қонуниро дарёфт кардаанд, ки ба онҳо иҷоза медиҳад дар кишвар бимонанд.
Барчасп