Октябр 16, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Мамониати ҷангандаи русӣ аз вуруди паҳподи амрикоӣ ба ҳарими ҳавоии Русия
    Мамониати ҷангандаи русӣ аз вуруди паҳподи амрикоӣ ба ҳарими ҳавоии Русия

Вазорати дифои Русия дар баёнияе аз шиносоӣ ва мамониат аз вуруди як паҳподи таҷассусии Амрико, ба ҳарими ҳавоии ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории Тас ، Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард : Як ҷангандаи суху - 27 русӣ дар 15 актябр монеъи вуруди паҳподи таҷассусии амрикоӣ "Оркиу - 4 Би" ба ҳарими ҳавоии Русия бар фарози дарёии сиёҳ шудааст. Хабаргузории Тас  бо ишора ба ин баёния навишт : Ба гуфтаи хадамаи ин ҷангандаи русӣ, ин ҳадафи шиносоӣ шуда, паҳподи ҷосӯсии неруҳои ҳавои Амрико мавсум ба RQ - 4B Global Hawk буда аст. Ҳамзамон бо наздик шудани ҷангандаи русӣ, ин паҳподи хориҷии ҷосусӣ аз наздикии марзи Русия дур шуд. Тибқи ин гузориш,  нақзи ҳарими ҳавоии Русия дафъ ва  ҷангандаи ин кишвар дар амнияти комил бозгашт. Пештар низ Вазорати дифои Русия дар бакёнияе эълом кард : То кунун 27 ҳамлаи террористии паҳподҳои  Киев  ва таъарруз ба хоки Федератсияи  Русия хунсо шудааст .