Октябр 23, 2023 12:30 Asia/Dushanbe
  • Нобуд кардани 30 паҳподи Украина тавассути падофанди Русия

Вазорати дифои Русия аз инҳидом ё нобудии 30 паҳпод ва шуморе партобгарҳои мушакии артиши Украина тавассути падофанди Русия, тайи амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.

Ҳамзамон бо дархостҳои мукаррари Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллиондолларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳаррукоти ахири Ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар 24 феврали 2022 дар посух ба дархости кумаки низомии сарони манотиқи Донетск ва Луганск дар шарқи Украина, дастури ҳамлаи низомӣ дар минтақаи Донбасро содир кард. Баъд аз он ҷангандаҳо, тӯпхона ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.

Путин таъкид кардааст, ин ҳамла ба манзалаи нозизудоии Украина ва халъи силоҳи ин кишвар аст.

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин ҳушдор додааст, ки иқдоми кишварҳои ғарбӣ дар ирсоли силоҳу муздур ба Украина ин кишварро ба хун мекашад.

 

Барчасп