Путин: Кишварҳои ИДМ бозорҳои колоии муштаракро ташкил хоҳанд дод
(last modified Fri, 10 Nov 2023 15:14:39 GMT )
Ноябр 10, 2023 20:14 Asia/Dushanbe
  • Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия
    Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия

Раҳбари Русия муътақид аст, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалан ба сатҳи худкифоӣ дар аксари маҳсулоти кишоварзӣ расидааст.

Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (EEU) ба таври муштарак занҷираҳои тавлиди фанноварии муштаракро эҷод мекунанд.

Ба гузориши “Спутник”, ин нуктаро Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар суханронии худ дар Маҷмаи ҳамкориҳои байниминтақаии Русия ва Қазоқистон баён кард.

Ба гуфта вай, ба ин тартиб бозорҳои фурӯши умумӣ, аз ҷумла кишоварзӣ сомондеҳӣ мешавад.

Раҳбари Русия хотирнишон кард, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд то бозорҳои колоии муштарак, аз ҷумла кишоварзӣ, занҷираҳои тавлиду фанноварии муштарак эҷод кунанду талошҳои фаъоле барои ҷойгузинии воридоту диҷиталӣ кардани тиҷорати мутақобил анҷом диҳанд.

Путин афзуд, ки ин иттиҳодия амалан дар аксари колоҳои кишоварзӣ ба сатҳи худкифоӣ расидааст.

Илова бар ин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фурӯши маҳсулоти муҳиме монанди гандум ҷойгоҳи пешрав дар ҷаҳон дорад. Раиси ҷумҳурии Русия хотирнишон кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар миёни даҳ пешрав дар арзаи анвои хосе аз маҳсулоти кишоварзӣ қарор дорад.

Пештар Владимир Путин, раҳбари Русия таъкид карда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нақше калидӣ дар суботи иқтисодӣ ифо мекунад.

Ба гуфтаи вай, шароити тавсеаи иқтисодии пойдори кишварҳои узв, таҷдиди ҳаёти онҳо ва афзоиши рақобатпазирӣ дар миқёси ҷаҳонӣ дар ин ҷо шакл мегирад.