Вашингтон саъй дар рӯёрӯӣ бо Эронро надорад
Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед душанбешаб дар суханоне бори дигар эълом кард, ки Вашингтон саъй дар рӯёрӯӣ бо Эронро надорад.
Ҷон Кэрби-ҳамоҳангкунандаи равобити роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед ба шабакаи хабарии Факс ниюс гуфт, ки «Иёлоти муттаҳида хоҳони рӯёрӯӣ бо Эрон нест ва талош надорад бо Эрон вориди даргирӣ шавад».
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,вай дар идома изҳор кард, «аммо дар айни ҳол барои тазъифи Сипоҳи посдорон ва гурӯҳҳои ниёбатии Эрон, ки пойгоҳҳои Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор медиҳанд, талош мекунем».
Рӯзи гузашта вазири дифоъи Амрико эълом кард, ки дар вокуниш ба ҳамалоти муқовимат ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ду ҳамлаи ҳавоӣ дар шарқи Сурия анҷом додааст.
Пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ ва Сурия ба далели ҳимояти тамомқади Вашингтон аз куштори мардуми Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ дар Ғазза, беш аз 50 бор ҳадафи ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат қарор гирифтааст.
Бомдоди имрӯз низ Амрико аз ҳамла ба аҳдофе дар шарқи Сурия хабар доданд, ки билофосила бо ҳамлаи талофиҷуёнаи нируҳои муқовимат мувоҷеҳ шуд, ки тайи он, муқовимати исломии Ироқ ҳам ба ин ҳамалоти Амрико дар манотиқи Алмаёдин ва Абукамол-воқеъ дар шарқи Сурия (дар марз бо Ироқ) билофосила посух дод ва мавозеъи Амрико дар хоки Сурияро ҳадафи ҳамалоти ракетӣ ва мушакӣ худ қарор дод.