Декабр 04, 2023 13:19 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори дуюмин намоишгоҳи ихтисосии АвруОсиё дар Теҳрон
    Оғоз ба кори дуюмин намоишгоҳи ихтисосии АвруОсиё дар Теҳрон

Дуюмин намоишгоҳи ихтисосии АвруОсиё ، дар Теҳрони оғоз ба кор кард.

Дуюмин намоишгоҳи ихтисосии АвруОсиё ، аз имрӯз ( душанбе ) ба муддати чаҳор рӯз дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва дар он беш аз 100 ширкати содиротии Эрон ва  ширкатҳое аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳузур доранд.

Русия, Қирғизистон, Қазоқистон,  Арманистон ва  Беларусия аъзои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ташкил медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо.  дар ин намоишгоҳ 100 ширкати содиротии Эрон дар ҳавзаҳои энергӣ,нафт, газу петрошимӣ,маҳсӯлоти кишоварзӣ, худру, манотиқи озод,  санъату дониши бунён ҳузур доранд.

Дар ин давр аз намоишгоҳи ширкатҳое аз кишварҳои Русия, Арманистон ва  Қазоқистон дар қолаби ғурфаҳои ихтисосӣ ҳам ҳузур доранд.  Ҳайатҳои тиҷорӣ аз кишварҳои Қирғизистон ва  Беларусия,  низ аз ин намоишгоҳ боздид мекунанд.

Дар ҳошияи намоишгоҳи ҳамоишҳои тахассусӣ низ дар хусӯси мавзӯъоти тиҷорӣ ва  зерсохтӣ аз ҷумла ҳамлу нақл,  масоили пулӣ банкӣ, гумрукӣ, мувофиқатномаҳои тиҷорӣ, ҳамкориҳои илмӣ,  гардишгарӣ ва донишбунён баргузор мешавад.

Қарор аст Эрон ва  Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё,тавофуқномаи тиҷорати озод имзо кунанд .

Бештар бихонед: