Декабр 07, 2023 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раисиҷумҳӯри Туркия ба режими саҳюнистӣ
    Ҳушдори раисиҷумҳӯри Туркия ба режими саҳюнистӣ

Раисиҷумҳӯрии Эрдуғон дар бораи товони сангини режими саҳюнистӣ дар сурати амалиёти алайҳи Ҳамос дар ин кишвар ҳушдор дод.

Бархе мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ ба тозагии изҳороте дар бораи барномарезии Моссад барои амалиёте алайҳи аъзои Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин аз ҷумла дар Туркия ва  Қатар мунташир кардаанд. Ин изҳорот ، аз сӯйи мақомоти турк бепосух намонад.

Ба гузориши хабаргузории Ирно ، Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисиҷумҳӯри Туркия имрӯз ҳушдор дод, " агар режими саҳюнистӣ аъзои Ҷумбиши Ҳамос дар Туркияро ҳадаф қарор диҳад, баҳои сангинӣ пардохт хоҳад кард.

"Эрдуғон гуфт, Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режим саҳюнистӣ наметавонад аз пардохти баҳои иқдомоти худ фарор кунад ва  дер ё зӯд ба хотири ҷиноятҳое, ки муртакиб шуд, муҳокима хоҳад шуд.

Раисиҷумҳӯри Туркия тасреҳ кард, хоки Ғазза мулки миллат Фаластин аст ва худи миллати Фаластин тасмим мегирад ки чӣ касе дар онҷо ҳукмронӣ кунад.

Гуфтанӣ аст, вазири кишвари Туркия низ дируз зимни ҳушдор дар бораи авоқиби ҷаддиди амалиёти эҳтимолии сервиси иттилоотии Исроил алайҳи Ҳамос дар хоки ин кишвар гуфта буд, " чунин коре ғайри қобили қабул аст ва  ҳазинаи сангине дар пай хоҳад дошт.

Барчасп