Сандерс: Исроил дар афкори умумии ҷаҳон бозандаи ҷанг аст
(last modified Tue, 12 Dec 2023 09:14:40 GMT )
Декабр 12, 2023 14:14 Asia/Dushanbe
  • Сандерс: Исроил дар афкори умумии ҷаҳон бозандаи ҷанг аст

Берни Сандерс ,сенатори амрикоӣ режими саҳюнистиро бозандаи ҷанг дар назди афкори умумӣ донист.

Режими саҳюнистӣ бо ҷиноёти ахири худ алайҳи мардуми Ғазза, беш аз пеш дар назди ҷаҳониён манфур шудааст; ба тавре, ки ин рӯзҳо мардум дар саросари дунё бо барпоии тазоҳуроти густурда ҳимояти худро аз мардуми Фаластин қотеъона эълом кардаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Берни Сандерс гуфт: Ҳамлаҳои артиши Исроил осебҳои ваҳшатнокеро ба ҳаёти башар ворид овардааст.

 Берни Сандерс афзуд, Вашингтон бояд тамоми фишорҳои мумкинро бар Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ворид кунад, то рӯйкарди низоми фоҷиабори Тел-Авив дар куштори ғайрнизомиён мутаваққиф шавад.

 Ин сенатори амрикоӣ тасреҳ кард:" Конгресси Амрико бояд ин мавзӯъро барои Натанёҳу равшан кунад, ки мо ба соддагӣ ба онҳо як чеки сафед барои куштани занон ва кӯдакон дар Фаластин намедиҳем".

 Ин узви мустақили маҷлиси Сенати Амрико бо баёни инки ба шиддат мухолифи идомаи кумакҳои Амрико ба режими саҳюнистӣ аст, таъкид кард: Ба ақидаи ман ғайримасъулона аст, ки Амрико ба Натанёҳу 10 миллиард доллар дигар барои идомаи ин ҷанг даҳшатнок бидиҳад.