Тафсир - Бемайлии миллатҳои ғарбӣ ба аврупоӣ шудани Туркия+ назари коршинос
Дар шароите, ки давлати мардони Туркия барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо талоши дубораеро оғоз кардаанд, натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид аз мухолифати шаҳрвандони аврупоӣ бо пайвастани Туркия ба ин иттиҳодия хабар медиҳад.
Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид аз мухолифати аксарияти шаҳрвандони аврупоӣ бо пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ҳикоят дорад. Натоиҷи назарсанҷии ҷадиди Шӯрои равобити хориҷии Аврупо (ECFR) нишон медиҳад, фақат шумори каме аз шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, мувофиқи пайвастани Туркия ҳастанд. Дар ин миён, нуктаи қобили тааммули мухолифати миллатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ бо пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо аст. Ба унвони мисол, аксарияти 60 то 65 дарсадии мардум дар Полша ва Руминия мухолифи пайвастани Туркия ба ин иттиҳодия ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки мардуми Булғористон, Полша ва Руминия пас аз коҳиши арзиши пули миллӣ ва арзонии колоҳои асосӣ дар Туркия ба сӯрати рӯзона ба ин кишвар, сафар ва колоҳои мавриди ниёзи худ аз ин кишвар таъмин мекунанд.
Нуктаи барҷаста ва қобили тааммул, ин воқеият аст, ки давлатҳо миллатҳои ин минтақа як даҳа пеш, мувофиқи пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо муаррифӣ мешуданд. Дар айни ҳол, мухолифати миллатҳои Аврупои Марказӣ барои пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле аст, ки гуруҳи қобили таваҷҷуҳи дигаре аз атбои Австрия, Олмон, Фаронса ва Дания бо пайвастани Туркия ба ин иттиҳодия мухолифанд. Давлатмардони Анкара аз соли 1964 ба манзури аврупоӣ шудан талош мекунанду дар ин росто, бо тағйирот дар қавонину фарҳанги ҷомеъаи Туркия гомҳое бардоштааст.
Бо вуҷӯди талошҳои наздик ба ҳафтод солаи сиёсатмадорони турк, токунӯн имкони таҳаққуқи хостаҳои сиёсатмадорони ҳоким бар Туркия муҳаққақ нашуда ва ин дар ҳоле аст, ки Туркия тавонистааст ба узвияти бархе аз ниҳодҳои аврупоӣ назири Иттиҳодияи гумрукии Иттиҳодияи Аврупо дарояд. Ин амр ба маънои он аст, ки давлатҳои аврупоӣ тамоюл доранд то аз хадамоти арзонқимати колоҳои тавлидии Туркия баҳрабардорӣ кунанд. Дар муқобил, аз пазириши ин кишвари мусулмон дар Иттиҳодияи Аврупо дурӣ мекунанд. Ин сиёсат давлатҳои ғарбӣ дар тӯли ҳафт даҳаи гузашта, он қадар барҷаста будааст, ки бархе аз таҳлилгарони сиёсии турк, Иттиҳодияи Аврупоро бошгоҳи вижаи масеҳиён қаламдод кардаанд.
Хонум Дорота Шмит, пажӯҳишгару масъӯли барномаи Туркияи муосир дар Муассисаи фаронсавии равобити байналмилалу таҳлилгари барҷастаи ин муассиса, як даҳа пеш гуфта буд: «Истилоҳи бошгоҳи масеҳиён умдатан тавассути сиёсатмадорону таҳлилгарони турк истифода мешавад. Дар воқеъ, дар матни қонӯни асосии Иттиҳодияи Аврупо, ишорае ба мазҳаб нашудааст. Аммо назди афкори умумии Иттиҳодияи Аврупо чунин мавзӯе матраҳ аст. Имрӯза дар назарсанҷиҳо мушоҳида мешавад, ки танҳо 30 дарсади шаҳрвандони аврупоӣ мувофиқи пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд».
Аз сӯи дигар, ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки мақомҳои давлати Туркия пас аз танишҳои лафзӣ бо давлатҳои аврупоӣ дар тӯли ду даҳаи гузашта, ахиран ба манзури гушӯдани роҳи ҷадиди дигаре барои наздикӣ ва одисозии равобити ин кишвар бо кишварҳои аврупоӣ бар омадаанд. Тозатарин иқдоми давлати Туркия, талош барои сохти як пули дарёӣ байни ин кишвар ва Юнон будааст то худравҳо битавонанд ба осонӣ бар рӯи он пул тараддуд кунанд. Давлати Туркия ҳамчунин барои густариши равобити худ бо бархе дигар аз кишварҳои қудратманди Иттиҳодияи Аврупо яъне Олмон, Фаронса ва Италия талош мекунад.
Ин иқдомоти давлати Туркия дар шароите бори дигар дар дастури кор қарор гирифтааст, ки Дэвид Кэмерон, нахуствазири асбақи Англия пештар гуфта буд: «Туркия то соли 3000 милодӣ ҳам наметавонад ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад».
Мақомоти Олмон, Фаронса ва Италия, се кишвари қудратманди Иттиҳодияи Аврупо ҳамвора аз сиёсати хориҷии давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва рӯйкарди Туркия дар қиболи мавзуоте ҳамчун ҳуқуқи башар, муҳоҷират, ҳуқуқи занону ақаллиятҳо, хурӯҷ аз Конвенсияи Истонбул, бетаваҷҷӯҳии шафофияти молӣ, фиқдони озодии баёну мизони пайбандӣ ба тафкики қуво, интиқод кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо, Туркия дар ҳоле дархости оғози дубораи музокирот перомуни узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро эълом кардааст, ки қудратҳои бартари аврупоӣ, тамоюле ба пайгирии ин мавзӯ нишон намедиҳанд.
Дар муқобил, суханони ахири Меҳмет Шимшак ба унвони яке аз муҳимтарин вузарои кабинаи давлати Эрдуғон дар мавриди Иттиҳодияи Аврупо, нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки дар тӯли ду даҳаи гузашта, мақомҳои Анкара дар зоҳир худро барои пайвастан ба иттиҳодия бемайл ва берағбат нишон медоданд. Аммо дар пушти парда, ҳамчунон дар ҳоли талошу лобигарӣ барои иқноъи сарони аврупоӣ будаанд.