Маскав, мизбони нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Ҳамсуд
(last modified Mon, 18 Dec 2023 09:20:53 GMT )
Декабр 18, 2023 14:20 Asia/Dushanbe
  • Маскав, мизбони нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Ҳамсуд
    Маскав, мизбони нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Ҳамсуд

Нишасти Шӯрои нахуствазирони Иттиҳодияи кишварҳои Ҳамсуд имрӯз ( душанбе ) дар Маскав баргузор мешавад.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақили Муштаракал манофеъ ( Ҳамсуд ) пас аз фурӯпошии Шуравӣ ( собиқ ) шакл гирифт. Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон,  Беларус, Қазоқистон,  Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, 

 Узбекистон аъзои ин иттиҳодия ҳастанд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҷараёни ин нишаст, ки бо мушорикати вузарои иқтисод ва  фарҳанги кишварҳои узв ، ба раёсати Қирғизистон баргузор мешавад, дар бораи густариши таъомулоти фарҳангӣ ва  башардӯстона дар чорчӯби ҷомеъаи кишварҳои Ҳамсуд ройзанӣ хоҳад шуд.

Дар поёни ин нишаст қарор аст ، баёнияи нахуствазирони кишварҳои мустақили Муштаракал манофеъ дар маврид чашмандоз ҳамкории фарҳангӣ тасвиб шавад .

Бистуми декабр ҳам нишасти "Камиссиюни масоили иқтисодӣ" зери назари Шӯрои иқтисодии кишварҳои Ҳамсуд дар Маскав баргузор хоҳад шуд .

Бештар бихонед: