Ифшогарии дигаре дар бораи таркиш дар хатҳои лӯлаи Nord Stream
Як рӯзноманигори амрикоӣ дар ифшогарии дигаре дар бораи таркиш дар хатҳои лӯлаи Nord Stream(Маҷрои шимолӣ) гуфт:Давлати Амрико бо созмондеҳии ин инфиҷор ба думболи заҳри чашм гирифтан аз садри аъзами Олмон буд.
Хатҳои лӯлаи Nord Stream 1 ва 2, ки барои интиқоли солона 110 миллиард метри мукааб гази Русия ба Аврупо сохта шуда буданд, дар 27 сентябри 2022 дар ҳодисае машкук дучори инфиҷор шуданд, ки Русия онро амалиёти террористӣ аз сӯи Ғарб эълом кард.
Ин ҳамлаҳо мӯҷиби коҳиши фишор ва вуруди газ дар баҳри Балтика шуд.
Ба гузориши Рашатодеа, Сеймур Ҳерш, рӯзноманигори муҳаққиқи Амрико, ки то кунун чандин ифшогарӣ дар бораи нақши давлати Амрико дар инфиҷор дар хатҳои лӯлаи интиқоли гази Nord Stream доштааст, эълом кард ҳадафи аслии Вашингтон дар иҷрои ин инфиҷор ин буд, ки ба давлати Улоф Шолтс-садри аъзами Олмон ихтор диҳад, ки аз пуштибонӣ аз Украина ба баҳонаи ҷанг дар ин кишвар по пас накашид.
Пештар ин рӯзноманигори амрикоӣ рӯзи ҳаштуми феврали 2023 бо интишори аввалин гузориши ифшогаронаи худ дар бораи инфиҷор дар ин хутути лӯла фош кард, ки дар июни 2022 ғаввосони амрикоӣ бо дастури Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва бо ҳимояти Норвегия маводи таркандаро зери хутути лӯлаи Nord Stream 1 ва 2 ҷогузорӣ карда ва норвегияиҳо низ се моҳ баъд бомбаҳоро тарконданд.
Хатҳои лӯлаи Nord Stream, хутути содироти гази Русия аст, ки аз баҳри Балтика мегузарад.
Масири он аз манотиқи инҳисори иқтисодии Русия, Финляндия, Шветсия, Дания ва Олмон ва ҳамчунин аз обҳои сарзаминии Русия, Дания ва Олмон убур мекунад.