Маҳкумияти ҷинояти террористии Кирмон аз тарафи Шӯрои амнияти СММ
(last modified Fri, 05 Jan 2024 14:09:22 GMT )
Январ 05, 2024 19:09 Asia/Dushanbe
  • Аъзои Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористии буздилона дар Гулзори шуҳадои Кирмонро маҳкум кард
    Аъзои Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористии буздилона дар Гулзори шуҳадои Кирмонро маҳкум кард

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷинояти террористии Гулзори шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эронро маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, аъзои Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ҳамлаи террористии буздилона дар Гулзори шуҳадои Кирмонро маҳкум ва маротиби ҳамдардиву таслияти худро ба хонаводаи қурбониёну давлати Ҷумҳурии исломии Эрон иброз карданд.

Дабирхонаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳам дар баёнияе, зимни маҳкум кардани ҷинояти террористии Кирмон, бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамдардиву ҳимоят ва ҳамбастагӣ кард.

Дар ҳамини ҳол Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба тамоси телефонии Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон таъкид кард, қатъан бо мағзҳои фосиде, ки ин ҷинояти террористиро тарроҳӣ кардаву дастҳои олудае, ки ба анҷоми он мубодират кардаанд, қотеъона бархӯрд хоҳад шуд.

Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон низ дар ин тамоси телефонӣ бо маҳкумияти ҷинояти террористӣ ва зиддиинсонӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмон, шаҳодати шаҳрвандони Эронро аз тарафи давлату миллати Туркманистон ва ҳамчунин раҳбари миллӣ ва раиси Шӯрои маслиҳати халқи ин кишвар ба давлату миллати Эрон, ба вижа хонаводаи ҷонбохтагон таслият гуфт.