Январ 06, 2024 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳақхурии Трамп аз мардуми Афғонистон

Кунгура(Конресс)и Амрико дар гузорише эълом кард Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии пешини Амрико ва хонаводааш дар давраи раёсатҷмҳуриаш 7.8 миллион доллар аз 20 кишвар хориҷӣ аз ҷумла Афғонистон пул дарёфт кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Трамп ва хонаводааш дар давраи риёсатҷмҳуриаш 7.8 миллион доллар аз 20 кишвари хориҷӣ аз ҷумла Афғонистон пул дарёфт кардааст.

 Афғонистон бо пардохти 154 ҳазору 750 доллар ҳафтумин кишвар дар феҳристи пардохти пул ба Трамп ва хонаводааш қарор дорад.

 Бино бар эъломи аъзои демократи Кунграи Амрико пулҳои пардохтшуда ба ҳисоби Трамп ва хонаводааш байни солҳои 2017 то 2021 ворид шудааст.

 Чин, Арабистони саудӣ, Туркия, ҷумҳури демократии Конго ва Малайзия аз дигар кишварҳое ҳастанд, ки ба Доналд Трамп пул пардохт кардаанд.

Дар ин гузориш омада, ки пулҳо ағлаб барои иқомат дар меҳмонхонаҳо ва хонаҳои мутааллиқ ба Трамп ҳазина шудааст.

 Таҳқиқ дар бораи дарёфти пул аз сӯи тиҷоратҳои мутааллиқ ба Доналд Трамп  тавассути демократҳои кумитаи назорати Маҷлиси намояндагони Амрико сурат гирифтааст.

 Ҳамчунин ёздаҳ моҳ монда ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико се нафар аз дипломатҳои пешкисвати Британия аз давлати Реши Сунок хостаанд, ки барои бозгашти эҳтимолии Доналд Трамп ба Кохи сафед барномарезӣ кунад.

 Ин дипломатҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024, Британия бо мушкилоти амниятии бузурге рубару хоҳад буд.

 Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ноябри 2024 баргузор мешавад ва тибқи охирин назарсанҷиҳо Доналд Трамп тақрибан дар ҳама назарсанҷиҳо аз рақибони ҷумҳурихоҳи худ пештар аст.

 

Барчасп