Оғози даври ҷадиде аз рӯёрӯиҳои Амрико ва Русия дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11068-Оғози_даври_ҷадиде_аз_рӯёрӯиҳои_Амрико_ва_Русия_дар_Афғонистон
Дар 16 соли гузашта, ки Афғонистон аз сӯйи нерӯҳои Амрико ва НАТО тасарруф шудааст, Русия тамоили чандоне барои вуруд ба таҳаввулоти Афғонистон нишон надодааст ва дар ибтидо бо ин тасаввур, ки Амрико дар ботлоқи Афғонистон гирифтор хоҳад шуд, ба гунае аз ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон истиқбол низ кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 02, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Оғози даври ҷадиде аз рӯёрӯиҳои Амрико ва Русия дар Афғонистон

Дар 16 соли гузашта, ки Афғонистон аз сӯйи нерӯҳои Амрико ва НАТО тасарруф шудааст, Русия тамоили чандоне барои вуруд ба таҳаввулоти Афғонистон нишон надодааст ва дар ибтидо бо ин тасаввур, ки Амрико дар ботлоқи Афғонистон гирифтор хоҳад шуд, ба гунае аз ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон истиқбол низ кардааст.

Аммо густариши кишти кӯкнор ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон, ки транзити он ба Русия амнияти иҷтимоии ин кишварро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст, эътирозҳои Русияро барангехт ва Амрикою НАТО-ро ба нокоромадӣ барои мубориза бо мафияи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Аз замони зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон нигоҳи Русия ба Афғонистон тағйир кард. Маскав барои контроли вазъ дар ин кишвар сиёсати фаъолеро дар умури Афғонистон роҳандозӣ кардааст. Ба гунае ки Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон эълом кард, агар ҳукумат ва артиши ин кишвар тақвият нашавад, дар 20 соли оянда Афғонистон тақсим хоҳад шуд, ки ин хилофи манофеи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия аст.

Мардуми Афғонистон ба хотири ишғолгарии Артиши Сурхи Шӯравӣ аз Русия тасаввури мусбат надоранд, аммо акнун Русия бо талош барои кӯмак ба барқарории сулҳ дар ин кишвар дар садади тағйир додани ин тасаввур дар Афғонистон ва вуруд ба таҳаввулоти ин кишвар аст. Изҳороти Кобулов  дар робита ба ин ки тақвият ҳукумат, артиш ва иқтисоди Афғонистон барои ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар зарурӣ аст, навъе интиқод аз амалкарди Амрико ва НАТО дар 16 соли гузашта дар Афғонистон аст. Дар муқобил Амрико бо ноамн хондани Афғонистон ва иддаои омода шудани Толибон барои оғози даври ҷадиди ҳамалоташ мекӯшид, идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ ва НАТО-ро дар Афғонистон асоснок кунад. Чарлз Кливленд, сухангӯи нерӯҳои Амрико ва НАТО, мустақар дар Афғонистон иддао кард, аз 98 гурӯҳи террористии хориҷӣ ҳудуди 20 гурӯҳ дар марзҳои Афғонистону Покистон ва 13 гурӯҳи террористии байналмилалӣ низ дар Афғонистон фаъол ҳастанд. Тардиде нест, ин оморҳо барои амнияти Афғонистон ва минтақа бисёр нигаронкунанда аст. Аммо баёнгари пайгирии сиёсати ҳисобшудаи мудирияти буҳрон аз сӯйи Вашингтон барои идомаи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон ва тарсондани кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия аст.

Амрико бо нигаронӣ аз вуруди Русия ба таҳаввулоти Афғонистон дар ҳоли бузургнамоии хатарҳои фаротар аз ҳузури Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ барои амнияти ин кишвар аст. Муваффақияти Русия дар Сурия ва нигарониҳои Маскав аз интиқол ёфтани террористҳо ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз Афғонистон боис шудааст, Русия бо Толибон барои мубориза бо ДИИШ иртибот барқарор кунад ва Амрико низ бо густурда нишон додани теъдоди гурӯҳҳои террористию шибҳинизомӣ дар Афғонистон дар садад аст, вонамуд кунад, ки ягона чолиши амниятии Афғонистон Толибон нест, бинобар ин дар як арзёбии куллӣ метавон гуфт, Амрико ва Русия бо роҳандозӣ кардани сиёсати тақрибан мутафовит мекӯшанд, мавқеият ва ҳузури худро дар Афғонистон тақвият кунанд. Албатта, ҳарду мекӯшанд, худро наҷотдиҳандаи мардуми Афғонистон ва мудофеи сулҳу амният дар Афғонистон нишон диҳанд, аммо маҳофили мухталиф дар Афғонистон аз рӯёрӯии Русия ва Амрико ва паёмадҳои он бар умури амнияти Афғонистон ибрози нигаронӣ карда, аз ду кишвар хостаанд, ҳамкориҳои худро бо давлати Кобул ҷиҳати тақвияти он, ҳамчунин ваҳдати миллии Афғонистон густариш диҳанд.