Январ 03, 2017 15:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши назорати давлати Чин бар хариди арзи хориҷӣ

Давлати Чин назорат бар мубодилоти арзӣ ё асъори хориҷиро барои шаҳрвандони ин кишвар сахттар кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, аз якуми январи имсол давлати Чин назорат бар хариди арзи хориҷиро барои шаҳрвандони кишвараш сахттар кардааст.

Аз ин пас шаҳрвандони чинии ниёзманди хариди асъор бояд ҳангоми мубодилаи юан бо арзи хориҷӣ, дар бораи худу маншаи пулҳои мубодилашуда маълумот пешниҳод намоянд.

Ин дар ҳолест, ки мизони табодули арзи хориҷӣ дар Чин дар рақам 50 ҳазор доллар боқӣ мондаву тағйире накардааст.

Давлати Чин ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз хуруҷи сармоя эълом кардааст.

Хабаргузории Фаронса эълом кардааст, мизони сармояи хориҷшуда аз Чин дар соли 2015 як триллион доллар буда, ки ин рақам дар 9 моҳи соли гузаштаи мелодӣ ба 690 миллиард доллар расидааст.

 

Барчасп