Январ 24, 2024 20:48 Asia/Dushanbe
  • "Падофанди ҳавоии Украина як ҳавопаймои русии Ил – 76 - ро бар фарози Белгород сарнагун кардааст"

Вазорати дифои Русия имрӯз - чаҳоршанбе аз суқути ҳавопаймои таробарии низомии Ил - 76 ин кишвар, ҳомили асирони украинӣ дар минтақаи Белгород, наздикии марзи Украина хабар дод.

Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз Вазорати дифои Русия гузориш дод, дар ҳавопаймои мазкур 65 персонали низомии асиршудаи украинӣ буданд, ки барои мубодила ба минтақаи Белгороди Русия мунтақил мешуданд.

Тибқи ин гузориш, дар ин ҳавопаймо ҳамчунин 6 хадама ва се нафари дигар ҳузур доштанд.

Видеои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, суқути як ҳавопаймо дар наздикии рустои Яблоново ва сипас инфиҷореро нишон медиҳад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия низ эълом кард, Кремл аз суқути ҳавопаймо мутталеъ шуда, аммо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кард.

Песков бо таъйиди ин ки як ҳайат аз неруи ҳавоии Русия ба маҳалли ҳодиса эъзом шуда то далоили ин сониҳаро мушаххас кунад, афзуд, ҳанӯз аз сарнавишти сарнишинони ин ҳавопаймо иттилое дар даст нест.

Ҳамзамон расонаҳои украинӣ гузориш доданд, ки падофанди ҳавоии Украина як ҳавопаймои русии Ил – 76 - ро бар фарози Белгород сарнагун кардааст, ки дар сурати таъйид, ин аввалин бор нест, ки Украина неруҳои худро дар асорати Русия мекашад.

Дар июли 2022 неруҳои мусаллаҳи Украина як боздоштгоҳ, ки усарои украинӣ дар онҷо ҳозир будандро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд.