Шӯрои Аврупо таҳримҳо зидди Русияро тамдид кард
Шӯрои Аврупо таҳримҳо зидди Русия то шаш моҳи оянда (31 июл 2024)-ро тамдид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, таҳримҳо зидди Русия, ки барои нахустин бор аз соли 2014 оғоз шуд, бахши густурдае аз ҳавзаҳо аз ҷумла тиҷорат, дороӣ, фановарӣ, колоҳои дорои масрафҳои дугона, саноъат, ҳамлу нақл ва колоҳои люксро дар бар мегирад.
Воридот ё интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтии хосс, ихроҷи бонкҳои русӣ аз СВИФТ ва таълиқи фаъолияти бархе аз расонаҳои рус аз ҷумлаи иқдомоти таҳримӣ зидди Русия аст.
Ба гузориши Интерфакс, Шӯрои Аврупо бо судури баёнияе эълом кард: Ин шӯро рӯзи душанбе созмони "Лигаи амни интернит"-и Русия ва раиси он Екетарина Мизулинаро ба баҳонаи идомаи ҷанг дар Украина таҳрим кард.
Ду қозии рус низ аз ҷумла афроде ҳастанд, ки ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди Русия изофа шуданд.
Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврали 2022 илова бар эҷоди таҳримҳои густурдае зидди Москва, миллиардҳо доллар таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ низ ба Киев ирсол кардаанд.
Гуфта мешавад Иттиҳодияи Аврупо то кунун 12 бастаи таҳримии зидди Москва вазъ кардааст.
Хабаргузории Райтер дар гузорише эълом кард, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе дар ҷадидтарин иқдоми худ зидди Москва тавофуқ карданд, то суди ҳосил аз дороиҳои масдудшудаи Бонки марказии Русияро ба Украина ихтисос бидиҳанд.