Баргузарии нахустин намоишгоҳи байналмилалии осори қуръонии Эрон дар Тайланд
(last modified Mon, 05 Feb 2024 14:54:51 GMT )
Феврал 05, 2024 19:54 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии нахустин намоишгоҳи байналмилалии осори қуръонии Эрон дар Тайланд
    Баргузарии нахустин намоишгоҳи байналмилалии осори қуръонии Эрон дар Тайланд

Нахустин намоишгоҳи байналмилалии осор ва маҳсулоти фарҳанги ҳунарии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тайланд баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон нахустин намоишгоҳи байналмилалии осор ва маҳсулоти фарҳанги ҳунарии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тайланд бо ҳамкории ройзан фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Банкок, пойтахти Тайланд ва бо ҳузури Алиризо Маъоф муовини Қуръон ва итрати Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ ва ҳайати ҳамроҳ аз 5 то 11 феврали 2024 дар меҳмохонаи Алмероси Банкок баргузор мешавад.

Тасҳили ҳузури осори ҳунарӣ ва саноеъи дастии қуръонӣ дар иқтисод ва ҳунари ҷаҳони яке аз маъмуриятҳои ин намоишгоҳи байналмилалӣ аст.

24 тоблуи ҳунарии қуръонӣ аз ҳунармандони эронӣ ба ҳамроҳ беш аз 20 унвони саноеъи дастӣ бо ҳувияти қуръонӣ дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии осор ва маҳсулоти фарҳанги ҳунарии қуръонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тайланд ба намоиш дархоҳад омад.

Муаррифӣ ва арзаи осори мактуб бо муҳтавои маорифи Қуръони Карим ва таъолими аҳлубайт (а) аз ҷумла иқдомоти дигар дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ аст ва дар ин руйдод беш аз 130 асар ба забони англисӣ ва барои ду гуруҳи синҳои бузургсол ва кудак ва навҷавон ироа мешавад.

Илова бар ин моҳномаи шабнам бо руйкарди қуръонӣ ҳунарӣ ва адабӣ барои гуруҳи синҳои 6-11 сол ки бо ҳимояти роҳбурдӣ ва муҳтавоеи муовинати Қуръон ва итрати Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон таҳия мешавад ба забони англисии тарҷума шуда ва дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ арза мешавад.

Ҳамчунин маҳсулоти диҷитол чанд забона аъам аз сомона ва апликишини қуръонӣ низ аз ҷумлаи маҳсулоти қобили арза дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ аст.