Рақобати донишҷуёни донишгоҳҳои Русия дар олимпиадаи забони форсӣ
(last modified Tue, 06 Feb 2024 07:27:40 GMT )
Феврал 06, 2024 12:27 Asia/Dushanbe
  • Рақобати донишҷуёни донишгоҳҳои Русия дар олимпиадаи забони форсӣ

Шонздаҳумин олимпиадаи забон ва адабиёт форсӣ бо рақобати донишҷуёни рус аз 11 донишгоҳи Русия ва ба мизбонии Донишгоҳи давлатии Маскав баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар оини ихтитомияи шонздаҳумин олимпиадаи забону адабиёти форсӣ, ки бо ҳузури Алексий Маслов-раиси институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ва ҷамъе аз устодони курсиҳои эроншиносии Русия баргузор шуд, Козими Ҷалолӣ-сафири Эрон дар Москва бо табрики солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ гуфт:Забон, зербинои огоҳӣ аст ва тарвиҷи забони форсӣ дар Русия аз авомили муҳимми шинохти бевоситаи мардуми ин кишвар аз воқеиятҳои Эрони имрӯз ва дастовардҳои Инқилоби исломӣ аст.

 Ҷалолӣ, донишҷуёни забон ва адабиёти форсиро сармояи равобити ду кишвари Эрон ва Русия донист ва бар нақши онҳо дар таҳкими равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

 Дар поёни ин маросим илова бар супурдани ҷоизаҳои ҳашт баргузидаи ин олимпиада, аз хадамоти профессор  Гиронт Васканиян-эроншинос ва забоншиноси мумтози Русия ва муллифи Фарҳанги луғоти русӣ-форсӣ, ки ахиран пас аз 99 сол зиндагӣ даргузашт, таҷлил шуд.

Дар шонздаҳумин олимпиадаи забон ва адабиёти форсӣ 31 донишҷуи мунтахаб аз 11 донишгоҳ дар саросари Русия бо назорати 14 довар ширкат карданд.

 Ин руйдод ба ҳиммати ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, пойтахти Русия баргузор шуд.