Январ 04, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
  • Интихоби дабири кулли СПАД сиёсатҳоро тағйир хоҳад дод?

Николай Бордюжа дар поёни давраи дабири куллӣ бар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз симмати худ канор рафт. Валерий Семериков, муовини собиқи дабири кулли ин созмон ҷойгузини Бордюжа дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шудааст.

Николай Бордюжа соли 2003 ба унвони дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мансуб шуд. Дар соли 2015, дар нишасти аъзои ин созмон даврони раёсати ӯ то аввали соли 2017 тамдид шуда буд. Валерий Семериков аз соли 1975 то кунун дар симматҳои мухталифи низомӣ фаъолият намуда, тайи 13 соли гузашта ба унвони муовини Бордюжа дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолият дошт.

Дар даврони дабирии Бордюжа Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ талоши зиёде ба манзури таъмини амнияти аъзои худ, бавижа дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд, ба амал овард. Дар сатҳи байналамилалӣ низ тамоми ҳаракат ва мавзеъгириҳои Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ – НАТО таҳти назорати ин созмон қарор гирифта, раҳбарони ин созмон посухҳои муносиб ба мавзеъҳои масъулони НАТО додаанд. Коршиносон тағйири эҳтимолии мавзеъҳои СПАД-ро дар даврони дабирии Валерий Семериков баъид медонанд.

Пеш аз ин муқаррар шуда буд, ки намояндаи Арманистон ба унвони дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мансуб шавад. Маҳофили арманӣ далели такроран ба таъхир афтодани интихоби намояндаи Арманистонро ба унвони дабири кулли СПАД ҳузур надоштани раисҷумҳури Белорусия дар нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон ва надоштани аксарияти лозим барои интихоби дабири кулл донистаанд. Бемеҳриҳои аъзои ин созмони низомӣ ба давлати Ереван дар ҳоле аст, ки тамоми ин кишварҳо ба унвони муттаҳидони сиёсӣ ва низомии Арманистон дар СПАД муаррифӣ мешаванд.

 Бар асоси қарорҳои моҳи декабри соли гузашта, дабири кулли СПАД бояд аз миёни намояндагони кишварҳои узв ба сурати чархишӣ ва бо иттифоқи ороъ сурат мегирифт. Дар нишасти соли гузашта давраи дабирии Николай Бордюжа то моҳи октябри соли 2016 тамдид ва муқаррар шуд, дабири кулли ҷадиди ин созмон дар нишасти моҳи октябри сарони кишварҳои узви ин созмон дар Ереван, пойтахти Арманистон интихоб шавад. Аммо дар нишасти моҳи октябри гузашта ба далели ҳузур надоштани раисҷумҳури Қазоқистон интихоби дабири кулли ҷадид ба нишасти моҳи декабр гузошта шуд.

 Ҳузур наёфтани сарони бархе кишварҳои узв дар нишастҳои расмӣ қобили тааммул аст ва ин ки чӣ гуна ҳар бор ки қарор аст, намояндаи Арманистон ба унвони дабири кулли СПАД мансуб шавад, яке аз сарони ширкаткунанда дар нишаст ҳузур намеёбад?!

 Дар ҳақиқат, раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Ереван ширкат накард ва раисҷумҳури Белорусия ҳам аз ширкат дар нишасти Санкт-Петербург худдорӣ кард. Зоҳиран дар пайи ибрози нигаронии раисҷумҳури Озарбойҷон дар иртибот ба афзоиши қудрати Арманистон бо интихоби намояндааш ба унвони дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Русия маҷбур ба ифои нақши пушти парда дар ин замина шудааст. Дар айни ҳол, ин иқдоми Русияро метавон ба маънои идомаи талош барои поён додан ба муноқишаи озарӣ - арманӣ дар соли ҷорӣ қаламдод кард.

Ногуфта намонад, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо мушорикати кишварҳои Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Гурҷистон дар соли 1992 таъсис ёфтааст. Ин кишварҳо соли 2002 тасмим гирифтанд, ин созмонро ба як эътилофи низомӣ табдил диҳанд. Баъдҳо кишварҳои Гурҷистон, Озарбойҷон ва Узбакистон аз СПАД ҷудо шуданд. Ин созмон дувуми декабри соли 2004 ба унвони узви нозири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.