Фаронса дувумин содиркунандаи силоҳ дар ҷаҳон шуд
(last modified Tue, 12 Mar 2024 09:15:04 GMT )
Март 12, 2024 14:15 Asia/Dushanbe
  • Фаронса дувумин содиркунандаи силоҳ дар ҷаҳон шуд

Фаронса бо убур аз Русия, дувумин содиркунандаи бузурги силоҳ дар ҷаҳон шуд.

 Бар асоси охирин гузориши Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокголм , содироти силоҳҳои Фаронса байни солҳои 2014 то 2018 ва 2019 то 2023, 47 дарсад афзоиш ёфтааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҷанги Украина ва ниёзи Русия ба истифодаи бештар аз таслиҳот ва ҳамчунин таҳримҳои Ғарб аз аслитарин далоили коҳиши содироти силоҳҳои Русия будааст.

 Бештарин саҳми содироти силоҳҳои Фаронса бо 42 дарсад ба кишварҳои осиёӣ ва Уқёнусия ва ҳамчунин 34 дарсад ба кишварҳои ғарби Осиё ихтисос доштааст.

 Бар асоси эъломи Питер Везман-муҳаққиқи аршади низомӣ, Фаронса дар талош барои расидан ба чизе аст, ки ба он худмухтории стратегӣ мегӯянд.

 Катерина Ҷукич, муҳаққиқи дигар ҳам изҳор дошт, Фаронса аз фурсати тақозои қавии ҷаҳон барои доштани силоҳҳои нав дар ҳоли истифода аст.

Image Caption