Оғози раъйгирии интихоботи президентии Русия
Раъйгирии саросарии интихоботи президентии Русия оғоз шудааст.
Ба гузориши ИРНА, дарҳои 200 шуъбаи раъйгирӣ дар Камчатка ва 55 шуъбаи раъй дар Чукотка, дар шарқи Русия субҳи имрӯз - ҷумъа ба рӯи раъйдиҳандагон кушода шуд то ҳамонанди дигар манотиқи Русия ба муддати се рӯз пазирои раъйдиҳандагон бошанд.
Бар асоси ин гузориш, дар маҷмӯъ 93 ҳазору 920 шуъба барои раъйдиҳии шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудааст, ки аз ин теъдод 93 ҳазору 644 шуъба дар дохил ва 269 шуъба дар хориҷи ин кишвар ҳастанд ва ҳафт шуъбаи раъй низ дар пойгоҳи фазоии Бойконур фаъол хоҳад буд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии феълӣ, Николай Харитонов аз ҳизби Коммунист, Владислав Даванков аз ҳизби Мардуми нав ва Леонид Слутский аз ҳизби Либерал – демокррати Русия номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд.
Бино бар гузориши хабаргузории ТАСС, 114 миллиону 212 ҳазору 734 нафар воҷиди шароити ширкат дар интихоботи президентии Русия ҳастанд, ки аз ин теъдод 112 миллиону 309 ҳазору 947 нафар дар Русия зиндагӣ мекунанд.
Шумори шаҳрвандони руси воҷиди шароити ширкат дар ин интихобот дар хориҷи кишвар низ як миллиону 890 ҳазору 863 нафар гузориш шудааст.
11 ҳазору 924 шаҳрванди руси мустақар дар пойгоҳи фазоии Бойконур дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард.
Кулли ҷамъияти Русия дар аввали январи 2023 каме беш аз як сол қабл, ҳудуди 146 миллион нафар будааст.
Ба гуфта раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия, 113 миллиону 574 ҳазору 550 тарофаи ахзи раъй дар ихтиёри 89 минтақаи Русия қарор гирифтааст.