Март 17, 2024 12:39 Asia/Dushanbe
  • Тирандозии маргбор дар Пенсилванияи Амрико бо 7 кушта ва захми
    Тирандозии маргбор дар Пенсилванияи Амрико бо 7 кушта ва захми

Дар асари тирандозии маргбори субҳи шанбе дар шаҳри Фолзтовеншиб дар шарқи иёлати Пенсилванияи Амрико, сенафар кушта ва чаҳор нафари дигар захми шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, идораи полиси маҳаллии шаҳри Фолзтовеншиб дар баёнияӣ эълом кард: Андре Гурднии 26 сола баъд аз куштани сенафар дар ду иқоматгоҳи мухталиф дар шаҳри Фолзтовеншиб бо дуздии як худрав ба шаҳри Трентон дар Ню-Ҷерсb гурехт ва дар як хонаи сангар гирифта аст.

Ҷенифери Шурн додситони минтақаи Бокас баъд аз зуҳри шанбе дар як нишасти хабари эълом кард: Гурдун Номодарии 52 сола ва хоҳари 13 солаи худро бо шиллеки гулула дар хонашон кушт, сипас ба хонаи Тилузи Даниели 25 сола ки аз вай 2 фарзанд дорад муроҷиа карда ва вайро низ бо шиллики гулула ба қатл расонад.

Шурн дар идома ин нишасти хабарӣ бо ишора ба ин ки Гурдун пас аз анҷоми ин қатлҳои хонаводагӣ бо дуздии як худрав ба Ню-Ҷерси гурехт ва даруни хонаи дар онҷои сангар гирифтааст ба хабарнигорон гуфт: Чаҳор нафари дигар аз ҷумла модари Даниел дар ҷараёни ин тирандозиҳо маҷруҳ шуд ва дар ҳоли ҳозир дар бемористони маҳаллии таҳт дармон ҳастанд.

Амрико ба унвонии мусаллаҳтарин кишвари ҷаҳон ҳамвора шоҳиди тирандозиҳои гуруҳи аст.

Озодбудани хариду фуруш ва ҳамли силоҳ дар Амрико сабаби вуқуъи хушунатҳои мусаллаҳона ва тирандози дар саросари ин кишвар аст ки ҳар руз қурбони мегирад.

Барчасп