Тафсир. Тероризм - чолиши муштараки минтақа ва лузуми ҳушёрӣ дар баробари он
(last modified Sun, 24 Mar 2024 12:19:41 GMT )
Март 24, 2024 17:19 Asia/Dushanbe
  • \
    \"ДИИШ ба унвони як гуруҳи ваҳшатафкану террористӣ ҳаракате ҳисобшуда аз сӯи ҳомиёну гардонандагони он аст\"

Дар камтар аз як ҳафта ду инфиҷор ва ҳамлаи террористии ваҳшатноку маргбор дар Қандаҳори Афғонистон ва атрофи Маскав, пойтахти Русия ҷаҳонро такон дод.

Мавҷи маҳкумиятҳои ин ҳамалоти террористӣ ба гунае аз ғофилгирии ҷаҳонӣ аз бурузу ташдиди ҳамалоти террористӣ дар болотарин сатҳ ҳикоят дорад.

Нуктаи қобили тавваҷуҳ ин ки гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамалоти хунинро бар уҳда гирифтааст. Гуруҳе, ки замзамаи поёни фаъолияти он матраҳ буд. Аз ин рӯ, ин суоли муҳим матраҳ аст, ки пурранг шудани номи гуруҳи террористии ДИИШ дар ин ҳамалоти хунин чӣ маъное метавонад дошта бошад?

Ба назар мерасад гардонандагони ДИИШ чанд ҳадафро дунбол мекунанд. Аввал ин ки номи ДИИШ - ро ба унвони як бренд ҳамчунон ҳифз кунанд. Бренде ки ёдовари куштори ғайринизомиён ва ҳамалоти хунин аст. Дувум ин ки ба кишварҳои минтақа ёдоварӣ кунанд, ки ҳамчунон бо гуруҳи террористии қудратманде ба номи ДИИШ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки метавонад бо истифода аз тавоноии иттилоотии гардонандагони он заработи амниятии муҳликеро ворид кунанд.

Боқири Исмоилӣ, коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегӯяд: “Ба назар мерасад бар сари забонҳо андохтани муҷаддади ДИИШ ба унвони як гуруҳи ваҳшатафкану террористӣ ҳаракате ҳисобшуда аз сӯи ҳомиёну гардонандагони он аст ва ин нишон медиҳад, ки террористпарварҳо ҳамчунон тамоюл доранд дар болотарин сатҳ бозии маргбори худро идома диҳанд”.

Дар ҳоле ки давлати Амрико ҳамчунон ба кумакҳои молии худ ба Толибон таҳти ановини мухталиф, аз ҷумла ҳуқуқи башарӣ идома медиҳад, Ҷон Сопку, бозраси вижа барои бозсозии Афғонистон дар тозатарин изҳороташ эълом кард, ки кумакҳои Амрико ба як гуруҳи террористӣ дар Афғонистон мерасад. Вай бо террорист хитоб кардани Толибон эълом кард, ки Созмони Милал пас аз тасаллути дубораи ин гуруҳ бар Афғонистон 2. 9 миллиард доллар ба Афғонистон кумак кардааст. Ба гуфта Сопку, бештари пуле ки ба сурати нақдӣ аз тариқи ин созмон ба Афғонистон меравад, ба самти як гуруҳи террористӣ сарозер мешавад. Зеро гуруҳи Толибон аз ҷараёни пуле, ки таҳти унвони кумакҳои Амрико вориди бонки марказии Афғонистон мешавад, баҳраманд мешавад.

Аз навъи вокуниши вазорати хориҷа ва намояндагони Конгресси Амрико ба гузориши Ҷон Сопку дар мавриди наҳваи ҳазинакарди он чӣ кумакҳои Амрико ба Афғонистон талаққӣ мешавад, ин воқеият қобили фаҳм аст, ки давлати Амрико на танҳо аз наҳваи хароҷоти он огоҳ аст, балки ба сурати ҳисобшуда моҳона чандин миллион доллар аз тариқи Созмони Милал дар ихтиёри Бонки марказии Афғонистон қарор медиҳад, ки табиӣ аст бо тавваҷуҳ ба тасаллути Толибон бар умури ин бонк, ин маболиғ наметавонад бидуни салоҳдиди Толибон ҳазина шавад.

Ба ҳамин далел Майкл Маккол, раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико эълом кард, ин вазъият ғайриқобили қабул аст ва давлати Иёлоти Муттаҳида барои ҷилавгирӣ аз баҳрамандии Толибон аз кумакҳои башардӯстона бояд бештар талош кунад.

Дар ҳар ҳол, аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ ин нигаронӣ, ки Амрико бо хуруҷ аз Афғонистон ин кишварро ба маҳалле барои рушди гуруҳҳои террористӣ ва транзити онҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Русия ва то марзҳои Чин табдил хоҳад кард, дар ҳоли таҳаққуқ аст. Дар воқеъ ба назар мерасад гуруҳҳои террористӣ, ба хусус ДИИШ ба унвони бозуи амалиётии авомили террористпарвар барои барҳам задани амнияти минтақа амал хоҳанд кард. Мавзӯе ки беш аз пеш ҳушёрии кишварҳои минтақаро барои муқобила бо терроризм металабад ва ин кишварҳо бо ҳамкории ҷамъӣ бояд садде муҳкам дар баробари густариши терроризм дар минтақа эҷод кунанд.

 

Бештар бихонед: