Идомаи ҳамалоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба Яман
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120558-Идомаи_ҳамалоти_таҷовузкоронаи_режими_саҳюнистӣ_ба_Яман
Порс-Тудей. Манобеи хабарӣ аз ҳамлаи муҷаддади режими саҳюнистӣ ба ҷануби Яман хабар доданд.
(last modified 2025-06-10T06:13:39+00:00 )
Июн 10, 2025 11:12 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба Яман

Порс-Тудей. Манобеи хабарӣ аз ҳамлаи муҷаддади режими саҳюнистӣ ба ҷануби Яман хабар доданд.

Артиши режими саҳюнистӣ субҳи рӯзи сешанбе шаҳри бандарии Ҳудайдаи Яманро ду бор ҳадафи ҳамалоти худ қарор дод. Ҳанӯз ҷузъиёте дар бораи талафоту хисоратҳои эҳтимолии ин ҳамалоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Яман нарасидааст.

Радиои артиши режими саҳюнистӣ бо эъломи ҳамлаи имрӯз ба Яман тавассути неруи дарёии ин режим афзуд, ки пештар неруи ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ низ 9 ҳамлаи ҳавоӣ ба Яман анҷом дода буд. /Ирна