Тасвиби қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал
Қатъномаи оташбаси фаврӣ дар минтақаи борикаи Ғазза саранҷом пас аз чанд моҳ ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба ин минтақа дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба тасвиб расид.
Ба гузориши ИРНА, 14 узв аз 15 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи душанбе ба қатъномаи ироашуда тавассути аъзои ғайридоими ин Шӯро барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза раъйи мусбат доданд ва аз он ҳимоят карданд ва Амрико ба унвони узви доими ин Шӯро бархилофи дафъаҳои пешин, онро вето накард ва раъйи мумтанеъ(бетарафона) дод ва ба ин тартиб қатъномаи барқарории оташбас дар Ғазза ба тасвиб расид.
Озодии фаврӣ ва беқайду шарти тамоми гаравгонҳо ва тазмини дастрасии башардӯстона ба борикаи Ғазза аз мавориди ин қатънома аст.
Педро Комисарио Афонсо, сафири Мозамбика дар Созмони Милал ба намояндагӣ аз дигар кишварҳо пешнависи қатъномаи оташбас дар Ғаззаро ироа кард ва гуфт: Мо аз ҳама аъзои ин Шӯро ба хотири талошҳо ва назароташон дар мавриди ин пешнависи қатънома ва поён додан ба вазъияти фоҷиабор дар борикаи Ғазза қадрдонӣ мекунем.
Сафири Мозамбика дар Созмони Милал афзуд: «Вазъияти Ғазза барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронкунанда аст, дар воқеъ ташдиди даргирӣ дар борикаи Ғазза ва паёмадҳои фоҷеабори он, таҳдиди ошкор барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст.
Ин қатънома пас аз 171 рӯз ба тасвиб расид; пеш аз ин ду бор қатъномаҳои пешниҳодии дигар кишварҳо бо раъй ветои Амрико нофарҷом монд, то режими саҳюнистӣ бо кумаки ҳомии деринаи худ, яъне Вашингтон битавонад ба амалиёти наслкушии фаластиниён дар борикаи Ғазза идома диҳад.
Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.
Аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза то кунун 32 ҳазору 226 фаластинӣ, ки асоси онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба шаҳодат расиданд ва 74 ҳазору 518 фаластинӣ низ захмӣ шуданд.