Баргузории ҷашни Наврӯз дар Сиринагари Кашмири Ҳинд
Ҷашни Наврӯз дар Сиринагари Кашмири таҳти контроли Ҳинд бо омадан баҳор ва Наврӯз баргузор шуд.
Иди Наврӯз ҷашни бостонӣ бо решаи эронӣ аст, ки бо оғози соли нави хуршедӣ дар бисёре аз кишварҳо баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, мардуми Сиринагари Кашмири таҳти контроли Ҳинд бо шуруи соли нави хуршедӣ, бо шӯру шавқ ва иҷрои суннатҳои бумӣ ва маҳаллӣ, ҷашни Наврӯзро баргузор карданд.
Яке аз суннатҳои Наврӯз дар Сиринагари Кашмир ин аст, ки кӯдакон либосҳои нав мепушанд ва ба ҳамроҳи хонавода барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба поркҳо мераванд. Илова бар ин, дӯстон ва хонавода дар соли нави хуршедӣ ва Наврӯз ба дидори якдигар мераванд.
Золудармонӣ ҳам аз дигар суннатҳои Наврӯз дар Сиринагари Кашмири таҳти контроли Ҳинд аст.
Иди бостонии Наврӯз бо беш аз се ҳазор сол таърихи мактуб, яке аз муҳиммтарин аъёди муштарак бахшҳои муҳимме аз қораи паҳновари Осиё ва бахше аз Аврупо аст.
Миллатҳои бузурге дар қораи паҳновари Осиё, ин иди бостонии эрониёнро гиромӣ медоранд. Ин амр нишондиҳандаи густараи фарҳангӣ ва тамаддунии эрониён аст, ки дар тӯли таърих эҷод шудааст.
Дар ҳақиқат, ҷашнвораи Наврӯз, яке аз муҳиммтарин ҷашнвораҳои байналамллӣ аст. Ба ҳамин далел, ҳамасола ба ҳамроҳи ҷашнвораи Наврӯз, намоишгоҳҳои фарш ва саноеи дастии Эрон низ дар бисёре аз кишварҳои ҳаммарзр бо таърих ва тамаддун ва фарҳанги Эрон баргузор мешавад.