Март 30, 2024 11:30 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зиддиисроилии ҳомиёни Фаластин дар Сан-Франсиско

Ҳомиёни Фаластин дар эътироз ба эҳтимоли интиқоли таслиҳоти Амрико ба Исроил дар Сан-Франсиско тазоҳурот карданд.

Ба рағми иддаои нигаронии Вашингтон аз ҳамлаи эҳтимолии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза, ки метавонад ҷони садҳо ҳазор ғайринизомии Фаластиниро ба хатар баандозад, давлати Ҷо Байден-раиси ҷумҳури Амрико дар рӯзҳои ахир бесару садо бо ихтисоси миллиардҳо доллар кумаки низомӣ ба Исроил мувофиқат кардааст.

 Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дифоъ (Петагон) ва Вазорати умури хориҷаи Амрико бастаҳои таслиҳоти ҷадид шомили беш аз 1 800 бомбаи ду ҳазор фунтӣ мавсум ба МК 82 ва 500 бомбаи 500 фунтӣ аст.

 Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алҷазира", ҳомиёни Фаластин рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ бо эъломи нигаронӣ аз интиқоли силоҳ ба Исроил тавассути киштии амрикоии "usns harvey milk", ки дар бандари Сан-Франсиско паҳлу гирифтааст, зидди идомаи ҳимоятҳои таслиҳотии Вашингтон аз режими саҳюнистӣ тазоҳурот карда ва бархе масирҳои ин шаҳри бандариро бастанд.

 Лара Кисвани, аз аъзои "Марказ созмондеҳӣ ва манобеъи араб" дар Амрико гуфт:Золимона ва ғайри қобили қабул аст, ки давлати Амрико артиши Исроилро, ки ба иртикоби наслкушии мардуми Ғазза идома медиҳад, таъмини молӣ ва таслиҳотӣ кунад.

 Дар ҳамин росто Берни Сандерс -сенатори мустақили иёлати Вермонти Амрико аз тасмими давлати ин кишвар барои ирсоли силоҳҳои бештар ба Исроил интиқод кард.

 Берни Сандерс-сенатори мустақили иёлати Вермонти Амрико 

Сандерс афзуд, Амрико наметавонад ба Натанёҳу илтимос кунад, ки бомбаборони ғайринизомиёнро мутаваққиф кунад ва рӯзи дигар бо ирсоли ҳазорон бомби ду ҳазор фунтӣ, ки метавонад кулли маҳаллаҳои Ғаззаро бо хок яксон кунад, аз ҷиноёти Исроил ҳимоят кунад.

 Бар асоси ин гузориш давлати Байден дар ҳоле бар Исроил барои ҳифозати бештар аз ғайринизомиён дар борикаи Ғазза ва додани иҷозаи бештар барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа ва худдорӣ аз вуруд ба ҷанг бо Ҳизбуллоҳи Лубнон фишор оварда, ки раванди ҷараёни интиқоли таслиҳот ба Исроилро мутаваққиф накардааст.

 Амрико аз моҳи октябри 2023 дар ду маврид муҳиммоти тонк ва гулӯлаҳои 155 милиметрӣ бо давр задани Конгресс, онҳоро дар ихтиёри Исроил қарор додааст.

 

Барчасп