Мухолифати мардуми Полша бо эъзоми неру ба Украина
Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон дод бештари полшавиҳо бо эъзоми неруи низомии кишварашон ба Украина мухолиф ҳастанд.
Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон медиҳад ки 75 дарсад аз полшавиҳо мухолифи эъзоми неруҳои низомии кишварашон ва неруҳои НАТО ба Украина ҳастанд .
Ин назарсанҷиро пойгоҳи "Euroactiv" бо истинод ба маркази идораи омори Полша "CBOS" мунташир кардааст .
Ҳамчунин тибқи ин назарсанҷӣ бештари мардуми Полша бо илҳоқи Украина ба НАТО мухолиф ҳастанд . Ҳангоме ки аз полшавиҳо пурсида шуд ки оё бояд фавран Украинро ба НАТО даъват кунем, ихтилоф назар доштанд: 47 . 7 дарсад мухолиф ҳастанд, 40 дарсад аз ин иқдом ҳимоят карданд .
Пеш аз ин нахуствазири Полша ҳушдор дод ки аврупо дар давраи пеш аз ҷанг қарор дорад ва барои омодаги ба манзури муқобила бо таҳдиди Русия роҳии тулонӣ дар пеш дорад .