Апрел 24, 2024 13:14 Asia/Dushanbe
  • таслеҳоти амрикоӣ дар Украина
    таслеҳоти амрикоӣ дар Украина

Украина аз оғози даргирӣ бо Русия дар маҷмуъ 796 танкро аз даст додааст, ки бахше аз онҳо эҳдоии Амрико будаанд.

Ахиран мавзӯи инҳидоми силоҳҳои амрикоӣ ба мавзӯе дардисарсоз барои амрикоиҳо дар миёнаи ҷанги Украина табдил шудааст.

Дар ин замина, “Ню-Йорк таймс” навишт: Танкҳои сохти Амрико дар майдони амалиёти вижаи низомӣ ҳадафи паҳподҳои русӣ қарор гирифта ва мунҳадим мешаванд.

Рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк таймс” дар матлабе навишт, ки артиши Украина зарфи ду моҳи гузашта панҷ танки “Абрамс”-и худро умдатан ба далели ҳамалоти паҳподӣ аз даст додааст.

Дар матлаби рӯзномаи “Ню-Йорк таймс” омадааст, ки баста ба андозаву печидагии фанноварии паҳподҳо, ин паҳподҳо метавонанд ҳаддиақал 500 доллар ҳазина дошта бошанд, ки дар навъи худ сармоягузории ночизе барои мунҳадим кардани як танки “Абрамс”-и 10 миллиондолларии амрикоӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин Скотт Рейтер, бозраси собиқи таслеҳотии Созмони Милал, ки афсари иттилоотии собиқи Амрико ҳам буда, гуфт: Охирин таҷҳизоте ки барои Украина бо буҷети Конгресси Амрико харидорӣ мешавад, то моҳи июл тавассути Русия мунҳадим хоҳанд шуд.

Рони Ҷонсон, сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлати Висконсин низ дар ин замина фош кард, ки бастаи кумакии ҷадид барои Украина ва соири кишварҳо барои Иёлоти Муттаҳида бефоида талаққӣ мешавад.

 

Барчасп